Ганҷбор
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Ганҷбор | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ | НТҶ |
| Ноҳия | Ноҳияи Ваҳдат | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Раҷаб Исмоилов |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 1723 тан (2017) |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| коди телефон | +992 |
Ганҷбор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови ноҳияи Ваҳдат.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Ганҷбор то маркази шаҳри Ваҳдат 8 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1723 нафар (2017). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҷаб Исмоилов сокини ҳамин деҳа буд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷбор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.