Баҳористон (деҳа, н. Ваҳдат)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Баҳористон
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Абдулло Абдулвосиев
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 2515 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонон
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992 3136
Коди мошин TJ08

Баҳористон (то с. 2004 Холбойқаро) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви ноҳияи Ваҳдат. Аз Баҳористон то маркази шаҳр 6 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2515 нафар (2017), тоҷикон.

Аҳолиаш 2515 нафар (2009). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, корхонаи коркарди шағал ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз д. Кофарниҳон, наҳрҳои Даштибед ва Ҳазора обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]