Гулистон (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | НТҶ |
| Ноҳия | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Баҳор |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1458 тан |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулистон то маркази шаҳр 12 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1458 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳоҷиқатаған давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳояш тариқи нассосҳои обкаш аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5