Зардолу (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зардолу | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | НТҶ |
| Ноҳия | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Карим Исмоилов |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1253 тан |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Зардолу — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Зардолу то маркази шаҳр 19 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1253 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, осиёби барқӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман лалмӣ буда, қисми дигарашон аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 16 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардолу // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5