Ганҷина (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Ганҷина | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | НТҶ |
| Ноҳия | Ноҳияи Ваҳдат | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Абдулло Абдулвосиев |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1437 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Ганҷина (собиқ Меҳнатобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви ноҳияи Ваҳдат. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонӣ (кооперативи истеҳсолӣ)-и ба номи Ҳоким Азим ҷойгир аст. Аз Ганҷина то маркази шаҳр 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1437 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ганҷина мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, майдончаи варзиш, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон ва наҳри Баҳористон обёрӣ мешаванд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Нависанда Шералӣ Мусо дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷина // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5