Бостон (деҳа, н. Ваҳдат)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бостон
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Карим Исмоилов
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1953 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонон
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992 3136
Коди мошин TJ08

Бостон (пешина Гургхӯрда) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Бостон то маркази шаҳр 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1953 нафар (2017), тоҷикон. Солҳои 1930—1932 ташкил шудааст.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз рӯди Элок ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Бостон 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии «Абдулҳафиз» ва «Бобоҷон» мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]