Зарнисор (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зарнисор | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | НТҶ |
| Ноҳия | Ноҳияи Ваҳдат | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Раҷаб Исмоилов |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1659 нафар |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Зарнисор (то 21.7.2015 Ҷарбошӣ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Зарнисор то маркази ҷамоати деҳот 1 км, то маркази шаҳр 4 км. Аҳолиаш 1659 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рӯди Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа муассисаи нақлиётии рақами 28, хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва нуқтаи таъмири автомобилҳои сабукрав фаъолият доранд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Карим Исмоилов ва Раҷаб Исмоилов дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарнисор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5