Зартеппа (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зартеппа | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | НТҶ |
| Ноҳия | Ноҳияи Ваҳдат | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Бозорбой Бурунов |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 890 тан |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| коди телефон | +992 3136 |
Зартеппа (собиқ Совет) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови ноҳияи Ваҳдат. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 6 км, то маркази ш. Ваҳдат 1 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 890 нафар (январи 2017). Соли 1950 бунёд шудааст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Зартеппа бунгоҳи тиббӣ, тарабхонаи «Шоми Ваҳдат», муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маркази ш. Ваҳдат давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рӯди Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зартеппа // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5