Гулдара (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гулдара | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | НТҶ |
| Ноҳия | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Карим Исмоилов |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 263 тан |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Гулдара (собиқ Чағатойдара, то соли 2004) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулдара то маркази шаҳр 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 273 нафар (2013), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1932 ташкил шудааст. Бештари аҳолиаш аз минтақаҳои Кӯлоб ва Сарихосор кӯчида, ин деҳаро макони зист кардаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулдара мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ, хоҷагии хурди деҳқонӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Гулдара обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулдара // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2