Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарринрӯд (деҳа, н. Панҷакент)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Зарринрӯд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Амондара
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қизилҷар
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1650 тан
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3475
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Зарринрӯд(то 2017 — Қизилҷар[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷакент. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 2 км, то маркази ноҳия (ш. Панҷакент) 23 км. Аҳолиаш 1650 нафар (январи 2018).

Деҳа соли 1968 ташкил шудааст. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо тавассути пойгоҳи обкашӣ аз рӯди Зарафшон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии ҷамоавии ба номи Бафоқул Ҷумъаев фаъолият дорад.

  1. “Шахидкароянток” переименован в “Диловарон”. rus.ozodi.org. 31 октябри 2022 санҷида шуд.