Jump to content

Вешист

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Вешист
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Ёрӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1361 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Вешистдеҳа дар ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент.

Аз Вешист то маркази ноҳия 38 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1361 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёб ва обҷувози хусусӣ, масҷиди қадимӣ (асри 14) ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо обӣ мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди Вешист хоҷагии деҳқонии «Вешист» ва 10 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуданд.

Вешист деҳаи куҳан буда, зимни ҳафриёти бостоншиносӣ аз мавзеи баландии деҳа сағонаҳои мансуб ба даврони суғдӣ (замони салтанати Деваштич) пайдо шудаанд. Дар он айём дар Вешист Қалъаи Дарун (ҳокимнишин) мавҷуд буда, дидбонгоҳ доштааст ва аз тарафи офтобрӯя атрофро назорат мекардаанд.