Зебон
| Деҳа | |
Зебон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд | Суғд |
| Ноҳия | Ноҳияи Панҷакент | Панҷакент |
| Ҷамоат | Деҳоти Халифа Ҳасан |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1991 нафар (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3475 |
|
|
|
Зебон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 4 км, то маркази ш. Панҷакент 7 км. Аҳолиаш 1997 нафар (январи 2017). Зебон то соли 1960 дар дараи ноҳамвор ҷойгир буд. Аҳолиаш баъд ба ҳамворӣ кӯч баста, деҳаи Зебони навро бунёд карданд. Деҳа бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 чойхона, масҷиди панҷвақта ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (ба номи Чинор Имомов) дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Шӯрча ва маркази шаҳр давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, кирмакдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои Сари Об, Биринҷӣ ва Гармак обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа коргоҳи дӯзандагии «Шоира», истироҳатгоҳи «Зебон», 95 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва хоҷагии деҳқонии «Исмоили Сомонӣ» фаъолият доранд. Ходимони давлатӣ Чинор Имомов, Ш. Собиров (собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ш. Панҷакент), д. и. ҳуқуқшиносӣ И. Бобоҷонов, д. и. таърих Усмонқул Эшонқулов, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ С. Қосимова, Б. Солеҳова, барпокунандагони сохти колхозӣ Ҷ. Собиров ва Қосим-оқсақол дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зебон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5