Бӯстон (деҳа, н. Панҷакент)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Бӯстон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд | Суғд |
| Ноҳия | Ноҳияи Панҷакент | Панҷакент |
| Ҷамоат | Деҳоти Рӯдакӣ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 3333 тан (2013) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Бӯстон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент. Аз Бӯстон то маркази ноҳия 43 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3333 нафар (2013). Нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Марғедар таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз дарёи Киштӯд обёрӣ мешаванд. Мардуми Б. соли 1998 аз деҳаҳои Яккахона, Мадовра ва Артуч кӯчида омада, деҳаи Дашти Боло (дертар Навбаҳор)-ро дар ҳайати к-зи ба номи Рӯдакӣ бо роҳбарии Элбоев Сабоҳиддин ташкил кардаанд. Айни замон дар ҳудуди Б. хоҷагиҳои деҳқонии «Артуч» ва «Чимтарға» мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5
- Бӯстон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.