Jump to content

Новичомоқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Сойивешист
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Косатарош
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1285 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3475

Новичомоқдеҳа дар ҷамоати деҳоти Косатароши ноҳияи Панҷакент. Аз Новичомоқ то маркази шаҳр 18 км. Аҳолиаш 1285 нафар (2017), тоҷикон.

• Дар бора деҳаи Новичомоқ. • Деҳаи Новичомоқ яке аз деҳаҳои зеботарин ва хушбодуҳавоӣ водии Зарафшон мебошад. Деҳа дар 260 километрии Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, 258 километрии маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, 19 километрии маркази ноҳияи Панҷакент шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст. • Таъриху пайдоиши он ба гуфтаи гузаштагон гуногун аст. Гӯё дар мавзеи Новичомоқи куҳна бо воситаи дарахти чормағз нова месозанд ва ба воситаи он ба ин мавзеъ об мегузаронанд. Ба ҳамин хотир номи он Новичомоқ аст. Дигар ақидаҳо низ вуҷуд доштанд, лекин маъмулан ҳамин далелро пешниҳод мекунанд. • Бинобар сабаби сахтии зиндагӣ дар кӯҳистон, бо сарварии якчанд бузургони деҳаи Новичомоқ, солҳои 70-уми асри гузашта аҳолии деҳа ба мавзеи дастрас ба манбаъҳои инкишофдиҳандаи зиндагӣ ба Новичомоқи нав яъне Уипаст мекӯчад. Ҳарчанд номи ҳозирааш ҳамчун Новичомоқ вирди забонҳост. • Дар 30-соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Новичомоқ хеле зебову пурнур гардидааст. Оҳиста оҳиста дар деҳа иншооти таъминоти махсус зиёд шуда истодааст. Мисоли он марказҳои тиҷориву хизматрасонии маишӣ мебошанд. Яке аз марказҳои асосии тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ин маркази савдои "Баҳодур" мебошад. Деҳа марказӣ Ҷамоати деҳоти Косатарош мебошад. Инчунин дар инҷо марказ ё бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Дар қисмати ҷануб-ҷануби ғарбии деҳа варзишгоҳи замонавӣ ё худ майдончаи Футбол мавҷуд аст. Дар наздикии ҳамин мавзеъ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №86-и деҳа ҷойгир аст, ки дар он дар ду баст 350 нафар талаба машғули илмомузи ҳастанд. Дар қисмати марказии деҳа иншооти истеҳсолкунандаи хишт мавҷуд аст ва метавонад деҳаи Новичомоқ ва деҳаҳои атрофро бо хишт таъмин кунад. • Мавзеъҳои тамошобоби деҳа ин кӯли он мебошад, ки дар қисмати як миқдор ноайён, дар қисмати ғарбии деҳа ҷойгир шудааст. Мавзеъҳои зеботару ҷазобӣ деҳа ин деҳаи кӯҳистонии он Новичомоқи боло мебошад. • Аҳолии деҳаи Новичомоқ асосан ба воситаи меҳнати содиқона зиндагии хешро пеш мебаранд. Аз нисф зиёди аҳолӣ дар Ҷамъияти Дорои Маҳсулоташ Маҳдуди Корхонаи Муштараки Зарафшон (ҶДММ КМ) кор ва фаъолият мекунанд. • Дар деҳа шахсиятҳои бузурги номнек вуҷуд доранд, ки асосан дар пешбурди сатҳи саводнокии халқ ва маориф саҳми бағоят калон доранд. Устодону муаллимони деҳаи Новичомоқ шахсони бонангу савод буда, дар байни дигар деҳаҳо мавқеъ ва мартабаи хосаро касб намудаанд. • Дар қисми марказии деҳа канали обгузар бо номи "Халифа-Ҳасан" вуҷуд дорад, ки асоси таъмини аҳолии водии дарёи Шинг мебошад. • Аҳолӣ аз аввали фасли баҳор дар қисмати шарқии деҳа ба киштукор оғоз мекунанд. Онҳо ин мавзеъро асосӣ зиндагии хеш меҳисобанд. Зеро, ки бо ҳосили он дар фасли зимистон бо маводи озуқа таъмин ҳастанд. Ин буд маълумоти мухтасаре дар бораи деҳаи Новичомоқ.