Зиддӣ
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зиддӣ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Суғд | Суғд |
| Ноҳия | Ноҳияи Панҷакент | Панҷакент |
| Ҷамоат | Деҳоти Ёрӣ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1350 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3475 |
|
|
|
Зиддӣ (собиқ Дуоба) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ-и ноҳияи Панҷакент.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1905 бунёд шудааст. Аз Зиддӣ то маркази ҷамоати деҳот 5 км, то маркази ш. Панҷакент 35 км. Аҳолиаш 1350 нафар (январи 2017). Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 4 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёби хусусӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳрҳои Ҷехин, Рухшон ва Қӯзибой обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Зиддӣ» ва 17 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиддӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5