Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулистон (деҳа, н. Панҷакент)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд | Суғд
Ноҳия Ноҳияи Панҷакент | Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Вору
Таърих ва ҷуғрофия
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Шумора 1100 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3475

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент. Аз Гулистон то маркази шаҳр 30 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1132 нафар (2013), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (№ 65), бунгоҳи тиббӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Марғедар обёрӣ мешаванд.

Деҳа солҳои 1968-1969, баъди ба истифода додани наҳри Марғедар ва обёрӣ гардидани заминҳои бекорхобида бунёд гардида, аҳолӣ аз деҳаҳои баландкӯҳу ноҳамвори Пағна, Порвен ва Вен ба Гулистон кӯчиданд. Деҳа ба ҳайати к-зи «Зарафшон» дохил мешуд. Ҳоло дар ҳудуди Гулистон хоҷагии деҳқонии «Гулистон», 2 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.