Ёрӣ
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Минтақа | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Ёрӣ |
Координатаҳо | 39°30′ с. ш. 67°52′ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 12 760 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонон |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 3475 |
Коди мошин | TJ02 |
Ёрӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент.
Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз Ёрӣ то маркази ноҳия 24 км; роҳ — мумфарш. Аҳолиаш 12 760 нафар (январи 2017). Деҳа 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, боғчаи бачагон, хонаи фарҳанг, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 5 дорухона, 3 маркази савдо, 39 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёб, обҷувози хусусӣ, 3 масҷиди ҷомеъ, 5 масҷиди панҷвақта, чойхона ва ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи пойгоҳҳои обкашии Тали Паст ва Дупула аз дарёи Зарафшон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа коргоҳи адрасбофӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Ёрӣ», «Хуросон» ва 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]
Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳақ Файзиев, яке аз аввалин барпокунандагони сохти колхозӣ дар ноҳия Бобо Раҷабзода, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувакил Абдушаҳидов, Абдушаҳидов Абдураҳмон ходимони давлатӣ Раҷаб Файзиев (собиқ раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Колхозчиён), Ортуқ Рӯзиев (собиқ котиби якуми Ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ), олими соҳаи физика Абдувадуд Ғафуров, номзади илмҳои филология Меҳрангез Набиева, дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Жуков Кабир Ғафуров, дорандагони ордени Шараф (дараҷаи 3) Даврон Ёров, Атохон Қориев, Насриддин Раҷабов, ордени «Ситораи Сурх» Ҷумъабой Ҷумъаев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд. Дар ҳудуди деҳа мағораи Сомеъ, қурғон ва мақбараи эшон воқеъ аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ёрӣ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.