Иншоаллоҳ
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
«Иншоаллоҳ» (ар. إِنْ شَاءَ ٱللَّٰهُ — ان — агар, شاء — хост ва الله — Худо − агар Худо хост) — ҷумлаи ноқиси шартӣ; аз истилоҳоти роиҷ дар фарҳанги исломӣ, ки барои баёни матлабҳои марбут ба замони оянда истеъмол мешавад, ба ин маъно: «Ман қасди анҷоми кори мавриди назарро дорам, ба шарте ки Худованд низ анҷом шудани онро таъйид кунад».
«Иншоаллоҳ» гуфтанро «истисно» номанд. «Иншоаллоҳ» дар Қуръон 6 бор (2:70, 12:99, 18:69, 28:27, 37:102 ва 48:27) омадааст. Дар сураи «Каҳф» (18:23−24) сареҳан ба мусулмонон амр шудааст:
وَلَا تَقُولَنَّ لِشَيْءٍ إِنِّي فَاعِلٌ ذَلِكَ غَدًا إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ وَاذْكُرْ رَبَّكَ إِذَا نَسِيتَ وَقُلْ عَسَى أَنْ يَهْدِيَنِ رَبِّي لِأَقْرَبَ مِنْ هَذَا رَشَدًا
Ҳеч кореро, ки қасди анҷоми онро доранд, бе зикри «Иншоаллоҳ» баён накунанд. Инсон набояд дар бораи чизе бигӯяд, ки онро фардо хоҳам кард, магар ин ки истисно намояд ва «Иншоаллоҳ» бигӯяд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иншоаллоҳ / С. Наимӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- دیوبندی محمد شفیع عثمانی. تفسیر معارف القران. جلد ٨. تهران، ١٣٨٢ ش