Истиғоса
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Истиғоса (ар. استغاثة ‒ илтимос кардан, фарёдхоҳӣ, ёрӣ талабидан) ‒ дар фарҳанги исломӣ фарёдхоҳӣ барои раҳоӣ аз гирифторӣ ва ё аз Худованд талаби ёрӣ намудан ба ҳангоми ранҷу бало.
Фарқи истиғоса аз дуо ин аст, ки дуо ҳар навъ хонданиро шомил мешавад, аммо истиғоса хондани ҳамроҳ бо фарёд ва ёрӣ ҷустан дар ҳоли сахтӣ ва шиддат аст. Уламои исломӣ, танҳо ба Худованд истиғоса карданро ҷоиз донистаанд. Тибқи мазҳаби аҳли суннат, истиғосаи ба ғайри Худованд ширк мебошад. Аксар аз шохаҳои мазҳаби шиа, истиғоса ба имомон авлиё ва дигар бузургони динро пазируфтаанд. Намунаи ошкори истиғоса ҳангомест, ки инсон ба бемории сахте мубтало ё дар амвоҷи тӯфони дарё гирифтор шуда, дасти худро аз ҳама ҷо кӯтоҳ мебинад ва ба иқтизои фитрати тавҳидӣ, ин ҳақиқатро дар меёбад, ки дар олам, қудрате ҳаст, ки метавонад вайро дар ҳар шароите, ки бошад наҷот диҳад. Дар ин ҳолат, инсон бо тазаррӯъ ва зорӣ, фақат ба Худо истиғоса мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Истиғоса / С. Наимӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- قادری محمد طاهر. استغاثه و جایگاه شرعی آن. تهران،۱۳۹۰ ش