Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Хадамот Каримзода Хуршед Абдураҳмон
Муовини якум Турсунзода Азим Ҳайдар
Муовини вазир Шерализода Хуршед
Муовини вазир Ҳурматзода Иззатулло Зариф
Вебгоҳ customs.tj

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мақомоти гумруки ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккулёбии худро ба анҷом расонида, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддию техникии мақомотро вобаста ба раванди иқтисодиёти ҷаҳонӣ идома дода, дар партави сиёсати иқтисодии кишвар ҷиҳати рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихӣ босубот фаъолият менамояд.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, мақомоти гумрук вазифаҳои ҳаётан муҳим ба монанди таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳуриро ба уҳда дошт ва то ба имрӯз тавонист, ки ин вазифаҳоро сарбаландона ба иҷро расонад. Чунки таъмини амнияти миллату давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва тақвияти нерӯи мудофиавии он вазифаи муқаддас, пурифтихор ва пуршарафест, ки иҷрои он ба зиммаи гумрукчиён гузошта шудааст. Мақомоти гумрук дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ҳассоси таърихиро аз сар мегузаронид. Мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеъаро фаро гирифта, баъзе сохторҳо фалаҷ гашта буданд. Дар чунин давраи ҳассостарини инкишофи таърихи давлатдории тоҷикон бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии кишвар, ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, риояи тартиби муқарраргардидаи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва ҳифзи неъматҳои Истиқлоли давлатӣ 22 январи соли 1992 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, №14 Саридораи назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иншооти гумрукӣ ва мутахассисони соҳаи гумрук берун аз ҳудуди ҷумҳурии мо монда, танҳо дидбонгоҳҳои гумрукии Панҷи Поён, Қурғонтеппа ва Ленинобод бо зиёда аз 2 350 километр сарҳадоти маъмурии собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон монд. Хавфу хатари қувваҳои мусаллаҳи дохиливу беруна аз байн нарафта буд. Гурӯҳҳои муташаккил мехостанд, ки молу маҳсулотро бе барасмиятдарории гумрукӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол диҳанд. Новобаста аз вазниниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва даргириҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯву ҷудоиандоз, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гумруки навбунёд ташаккул ёфт. Бо назардошти тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, гузаронидани ислоҳоти иқтисодию сохтории Ҳукумат ва бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар зарурияти таҳияи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии нави танзимкунандаи фаъолияти мақомоти гумрук пеш омад. Новобаста аз мушкилоти сиёсию иқтисодӣ бо кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти гумрук лоиҳаи нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» таҳия ва моҳи ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон, ташкили назорати гумрукӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ заминаҳои ҳуқуқии аввалинро гузоштанд. Минбаъд, бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва амалияи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ Кодекси гумруки ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, аз 01 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шуд. Бо назардошти вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташкилотҳои ҳамгироӣ ва бо мақсади беҳбудии сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳои мазкур бо мақсади ҳалли масъалаҳои зерин амалӣ карда шуданд: -мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи меъёрҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ; -таъмини мутобиқати комили муқаррароти Кодекси гумрук ба талаботи Конвенсияи Киото оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири соли 1999), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2010,№255 ба он ҳамроҳ шудааст; -таъмини мутобиқати муқаррароти Кодекси гумрук ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо; -содагардонӣ ва суръатбахшӣ ба марҳилаи барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт. Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалиро барои рушду таҳкими минбаъдаи иқтисодиёти кишвар муҳайё намуда, ба содагардонии расмиёти гумрукӣ ва афзоиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷӣ мусоидат менамояд. Баҳри сода гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва дар ин замина таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ, инчунин, андешидани чораҳои зарурӣ дар масъалаи барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ ва аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми воридоту содирот ба мушоҳида мерасанд, Хадамоти гумрук тартиби декларатсия кардани молу воситаҳои нақлиёт ва содагардонидани расмиёти гумрукиро мутобиқи Ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи меъёру стандартҳои умумиҷаҳонӣ мебошад, дар соли 2010 татбиқ намудааст. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, аз ҷониби Хадамоти гумрук лоиҳаи Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №92 тасдиқ карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб узви Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ мебошад ва аъзои зиёда аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад.

Ҳамкориҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Хадамоти гумрук бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монда, аз кумаки техникии онҳо дар мустаҳкамгардонии инфраструктураи гумрукӣ, таҷҳизонидани объектҳои гумрукии наздисарҳадӣ, модернизатсияи мақомоти гумрук, аз ҷумла автоматикунонии равандҳои гумрукӣ бархурдор мебошад. Бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мақомоти гумрук якчанд маротиба тағйир дода шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2006, №9 Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъсис дода шуд, ки замина ва асосҳои рушди минбаъдаи соҳаро дар кишвар ба вуҷуд овард. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мушкилиҳо паси сар гардида, мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мубаддал гашт.

  • Феълан сохтори мақомоти гумрук аз Дастгоҳи марказӣ, Донишкадаи такмили ихтисос, Лабораторияи гумрукии марказӣ, Маҷаллаи «Гумрук», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона», Корхонаи воҳиди давлатии «Матбааи Хадамоти гумрук», Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмиру сохтмон» ва 5 раёсати минтақавии гумрукӣ иборат буда, назорат ва барасмиятдарории гумрукии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар 24 гузаргоҳи наздисарҳадии худрав, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 1 гузаргоҳи дарёӣ, 5 гузаргоҳи нақлиёти ҳавоӣ, 17 гумрук ва 21 дидбонгоҳи гумрукии дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук ва стандартикунонии расмиёти гумрукӣ аз 01 январи соли 2012 Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар мақомоти гумрук роҳандозӣ карда шуд, ки айни замон дар низоми вақти воқеӣ фаъолият намуда, бо ҳамаи воҳидҳои сохтории Хадамот пайваст мебошад. Тавассути Системаи мазкур, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

  • Системаи мазкур шабакаи боэътимод ва ҳимояшавандаи интиқоли маълумотро дар назар дошта, сохтани инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии махзани маълумот ва таъминоти барномавӣ дарбар мегирад ва он имкон медиҳад, ки назорат аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ дар низоми вақти воқеӣ ба амал бароварда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади содагардонии расмиёти содиротию воридотӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар масъалаҳои барасмиятдарории саривақтию шаффоф ва аз байн бурдани монеаҳо дар тиҷорати хориҷӣ, чорабиниҳо ҷиҳати таъсиси Системаи Равзанаи ягона оид ба амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Барномаи мазкур ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти содагардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии расмиёти маъмурӣ дар тиҷорати хориҷӣ муайян намуда, ба амал баровардани онро бо роҳи ҷорӣ намудани системаи электронии коркард ва мубодилаи иттилоот байни мақомоти манфиатдори давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар назар дорад. Айни замон, расмиёти содагардонидашуда дар ҳамаи гузаргоҳҳои автомобилии наздисарҳадӣ тибқи принсипи “Истгоҳи ягона” ба роҳ монда шуда, имконият медиҳад, ки назорати молу воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар асоси технологияҳои нав, дар як вақт ба таври муштарак, содагардонидашуда, шаффоф ва самарабахш дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин анҷом дода шуда, барои рушди соҳибкорӣ заминаи боэътимод фароҳам оварад. Ҳамзамон, мутобиқи Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант № TAJ-0341(SF) аз 24 апрели соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади амалисозии созишномаи зикргардида Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хидматрасониҳои наздисарҳадӣ таъсис дода шудааст. Ҷорӣ ва такмили минбаъдаи Системаи иттилоотии Равзанаи ягонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз қисматҳои асосии Лоиҳаи мазкур ба ҳисоб рафта, муҳлати амалишавии он то соли 2019 муқаррар карда шудааст. Оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2012 Созишнома ба имзо расида, дар заминаи он як қатор асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва таъмини техникию барномавӣ таҳия ва қабул гардид.

Сохтори дастгоҳи марказӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Роҳбарият
  • Раёсати ташкилию бозрасӣ
  • Раёсати ташкили назорати гумрукӣ
  • Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гум¬рукӣ
  • Раёсати ҳамкориҳои байлалмилалии гумрукӣ
  • Раёсати кадрҳо, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои махсус
  • Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ
  • Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Раёсати молиявию хоҷагӣ
  • Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит
  • Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонишудаи ягона (СИАЯ)
  • Раёсати амнияти дохилӣ

Нақшаи идоракунии Хадамот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дастгоҳи марказӣ
  • Лабораторияи гумрукии марказӣ
  • Донишкадаи такмили ихтисос
  • Шуъбаи оперативӣ - навбатдорӣ
  • Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд
  • Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон
  • Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе
  • Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода
  • Гумрукҳо
  • Дидбонгоҳҳои гумрукӣ
  • Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳ¬кими гумрук ва рушди инфраструктура"
  • Намояндагиҳо дар давлатҳои хориҷӣ
  • Редаксияи маҷаллаи "Гумрук"
  • Корхонаи воҳиди давлатии "Матбаа"
  • Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона"

Роҳбарият[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳамроқулов Худойқул Ҳамроқулович - Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1992 – 1997
  • Исмоил Давлатов - Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1997 – 1998
  • Каримов Абдураҳим - Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1998 – 1999
  • Низомов Мирзохӯҷа - Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1999 – 2002
  • Бобобев Ғуломҷон Ҷӯраевич - Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2002 – 2006
  • Зарипов Гурез Шарипович - Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2006 – 2013
  • Рустами Эмомалӣ - Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013 – 2015
  • Абдуфатоҳи Ғоиб - Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2015 – 2018
  • Каримзода Хуршед Абдураҳмон - Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №24 аз 19-уми январи соли 2018 ба мансаби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]