Портал:Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Портал   Мақолаҳои асосӣ   Лоиҳа   Баҳси лоиҳа   Корбарони лоиҳа
Портал:Тоҷикистон
Хуш омадед ба портали Тоҷикистон!
вироиш 

Тоҷикистон

Парчами Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон
Нишони Тоҷикистон
Нишони Тоҷикистон
Харитаи Тоҷикистон
Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان‎) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان‎) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2013 дар Тоҷикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек 12.2% (2010), 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотору ғайра ҳастанд. Бештари мардуми Тоҷикистон эронизабон (форсизабон, помиризабон ва яғнобизабон) ва мусулмон (суннимазҳабон: ҳанафиҳо 97%, шиъамазҳаби исмоъилӣ тақрибан 2%) ҳастанд.

вироиш 

Мақолаи баргузида

Ҳошим Гадоев (10 маи 1937, Кӯлоб, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театру кино, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) аст. Ҳошим Гадоев 10 маи соли 1937дар шаҳри Кӯлобзода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС), (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) буда ва Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) барои нақши Сӯҳроб дар филми «Рустам ва Сӯҳроб») аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Намоишсарои Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Сӯҳроб, Фердинанд, Гамлет, Хлестаков, Исмоил Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст. бештар...

вироиш 

Тасвири баргузида

Паланги Хатлонӣ байни асрҳои VI-VII
вироиш 

Оё шумо медонед…

Ҳар як қувваи сиёсӣ дар Тоҷикистон, алифбои худро истифода мебарад.

вироиш 

Мақолаҳои беҳтарин

вироиш 

Мақолаҳои нав

вироиш 

Ҳолномаи баргузида

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (порсӣ: ابوعلى سينا; ) ё Ибни Сино, (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик аст. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд. Бештар...

вироиш 

Дар ин рӯз

вироиш 

Гурӯҳҳо

вироиш 

Рӯйхатҳо

вироиш 

Шаблонҳо

вироиш 

Корбарон

  1. Дустмурод Саид Тоҷикистон Эҷоди мақола ва гурӯҳҳо, таҳрир, фиристодани файлҳо. Ворид намудани мақолаҳои китоби Энсиклопедияи миллии Тоҷик.
  2. Шуҳрат Саъдиев Тоҷикистон Эҷоди мақола, гурӯҳҳо, шаблонҳо, таҳрир, фиристодани файл.
  3. Умед Ҷайҳонӣ Тоҷикистон Эҷоди мақола ва таҳрир.
  4. Farorud Тоҷикистон Эҷоди мақола ва таҳрир, иловаи омори демографӣ
  5. Ҷамшед Ғафуров Тоҷикистон Эҷоди мақола ва таҳрир.
  6. Калот Тоҷикистон Эҷоди мақола ва таҳрир.
  7. Yoonoos.tj Тоҷикистон Эҷоди мақола ва таҳрир.
  8. Искандар Ориф Тоҷикистон Эҷоди мақола ва таҳрир
  9. Сергап Русия Эҷоди мақола ва гурӯҳҳо.
  10. Jaloliddin MadaminovПарчами Тоҷикистон Парчами Русия Ҷуғрофия - дарёҳо, шаршараҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин, эҷоди мақола, иловаи гурӯҳ, ва ислоҳи хатогиҳои имлоӣ ва грамматикӣ.
вироиш 

Лоиҳаҳо

вироиш 

Чӣ тавр кӯмак расонам