Рӯйдодҳои соли 2006
Jump to navigation
Jump to search
Декабр 2006[вироиш]
- 30 Декабр — ҳукми қатли диктатори пешини Ироқ Саддом Ҳусайн ва ду шарики ӯ дар шаҳри Бағдод иҷро шуд.[1]
- 21 Декабр — Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки 21 соли охир ин кишварро идора мекард, рӯзи 21 декабр дар синни 66 солагӣ аз олам даргузашт.[2]
- 12 Декабр — Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари 20-солаи тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дар мусобиқоти бокс ба рақобати ниҳоӣ роҳ ёфт.Вай дар рақобатҳо дар вазни 81 килограмм нахуст бар Хиаоринг Занг, варзишгари Чин ғолиб омад.[3]
- 14 декабр – Қонуни нав «Дар бораи Бонки Миллии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
- 11 Декабр — Августо Пиночет дар Чили ки 16 сол дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ буд, даргузашт. Баъд аз даргузашташ дар ин кишвар барои ба хок супурдани вай маросими расмии дафн баргузор нахоҳад шуд.[4]
- 11 Декабр - Рӯзи душанбе (11 декабр) дар шаҳри Ню-Йорк 60 солагии таъсиси ЮНИСЕФ ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ҷашн гирифта шуд. Кофӣ Аннан, дабири кулли СММ дар ин маросим гуфт, ки ЮНИСЕФ ҷони миллионҳо кӯдакро дар кишварҳои ҷангзада ва камбизоатӣ дар саросари дунё наҷот додааст.[5]
- 9 Декабр - Аввалин бор дар таърихи ширкати худ дар Бозиҳои Осиё, аз соли 1994 то имрӯз, варзишгарони тоҷик ба ҷоизаи тилои ин мусобиқот даст ёфтанд. Пирӯзиии гурзафкани 24-сола Дилшод Назаров дар сабқати рӯзи ҷумъаи 8 Декабр, ба Тоҷикистон имкон дод, аз ҷойи пешазохирини ҷадвали мусобиқа ба ҷойи 23-юм барояд, ки аз бисёр кишварҳо, монанди Қирғизистону Туркманистон ва Афғонистону Покистон болотар аст.[6]
Ноябр 2006[вироиш]
- 28 Ноябр - Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ рӯзи сешанбеи 28 Ноябр озими Қатар шуд.
Октябр 2006[вироиш]
- 14 Октябр - Дар кохи синамои «Ҷомӣ» нахустнамоиши филми нави ҳунарӣ «Вақте, ки болои шаҳр борон мерехт» баргузор гардид. Филм роҷеъ ба муҳаббат, садоқат ва фарҳанги хонаводагист, ки заҳмати килки Абдурофеъ Рабиев, филмнависи маъруфи тоҷик аст.[7]
- 9 Октябр — Фирӯза Алифова, сарояндаи маъруфи тоҷик барои услуби вижаи овозхониаш барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон шуд. Аз миёни шашсад ширкатдори озмуни байналмилалии мусиқии "Остона 2006" ӯ дар давраи ниҳоии озмун дар қатори 14 сароянда ба бурдани чунин ҷоиза мушарраф шуд.[8]
- 2 Октябр - Тимҳои футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «ХИМА»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2006 роҳ ёфтанд.[9]
Сентябр 2006[вироиш]
- 30 Cентябр - Дар Википедиаи Тоҷикӣ тақрибан соатҳои 18:10 - 18:25 бо вақти Тоҷикистон - шумораи мақолаҳо ба 3000 расид.
- 29 Сентябр - Ҳафт варзишгари навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи теннис, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҷараён дорад, рақобат мекунанд.
- 16 Сентябр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардуми Чин Вэн Тсзябао дар маросими тантанавии оғози расмии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ "Ҷануб-Шимол" иштирок намуданд.
- 10 Cентябр - Дар Википедиаи Тоҷикӣ тақрибан соатҳои 18:30 - 19:00 бо вақти Тоҷикистон - шумораи мақолаҳо ба 2000 расид.
- 9 Cентябр - 15 солгарди Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон муборак!
- 1 Cентябр - Дар арафаи ҷашнҳои 15-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, [[2700 - солагии шаҳри Кӯлоб]] ва анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мақолаи навбатии илмию таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зери унвони "Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ" дар шумораи 105 (21 161) - и рӯзномаи Ҷумҳурият аз 29 августи соли равон ба чоп расид.[10]
Август 2006[вироиш]
- 29 Август - дар Википедияи Тоҷикӣ тақрибан соатҳои 17:30 - 18:00 бо вақти Тоҷикистон - шумораи мақолаҳо ба 1000 расид.
- 22 Август — Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни ширкат дар маросими вижае дар ноҳияи Шаҳристон, вокеъ дар 230-километрии шимоли шаҳри Душанбе, пойтахт ба корҳои сохтмони дар тунели «Шаҳристон» оғоз бахшид.[11]
- 21 Август - додгоҳи расидаги ба парвандаи ҷадиде алайҳи роҳбари собиқи Ироқ ба иттиҳоми куштори ҳазорон тан аз курдҳои сокини ин кишвар дар Бағдод баргузор шудааст.[12]
- 18 Август соли 2006 — нависандаи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад, 70 –сола шуд. Соҳибҷашнро дӯстону ҳамкасбон ва ҳаводорони эҷодиёташ табрик намуданд. Бо супориши сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Сафар Сафаров, ки имрӯзҳо дар шаҳри Сочӣ мебошад, соҳибҷашнро намояндаи расмии сафорат табрик намуд.[13]
- 16 Август — Википедияи Русӣ дар ҷойи 11-ум Википедияҳои забонӣ қарор гирифт ва шумораи мақолаҳояш аз 100 ҳазор гузашт.
Июли соли 2006[вироиш]
- 11 июл – тармим ва таъмири шоҳроњи автомобилгарди Душанбе – Айнӣ – Шаҳристон – Истаравшан – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак (сарҳади Ӯзбекистон), бо нақби «Шаҳристон» оғоз ёфт.[14]
Июни соли 2006[вироиш]
- 27 июн – бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олӣ «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.[14]
Марти соли 2006[вироиш]
- 3 март – «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.[14]
- 23 март – маросими кушодашавии нақби «Истиқлол» («Анзоб») барпо гардид.[14]
Соли 2006 – Дар Тоҷикистон «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид.[14]
Эзоҳ[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |