Jump to content

Сураи Нозиъот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сураи Нозиот)
Сура —
Маънои ном Фариштагони гирандаи ҷон
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 79
Шумораи оятҳо 46
Ҷузъ 30
Шумораи рукӯъ 2
Сураи гузашта Сураи Ан Набаъ
Сураи раванд Сураи Абаса
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Сураи Ан Нозиот (араб. سورة النازعاتФариштагони гирандаи ҷон) — ҳафтоду нуҳум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 46 оят аст.

« Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои муъминон) ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд, ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён! Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем, он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?» Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
»
Сураи қаблӣ: Ан Набаъ Сура 79Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Сураи Абаса