Ҳайдаробод (Озарбойҷон)
Шаҳрак | |
озарбойҷонӣ: Heydərabad | |
39°43′25″ с. ш. 44°50′52″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Озарбойҷон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 1970 |
Баландии марказ | 817 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+4 ва UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Забони расмӣ | озарбойҷонӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди мошин | 85 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳайдаробод ( озарбойҷонӣ: Heydərabad ) — шаҳраки Озарбойҷон, маркази маъмурии ноҳияи Садараки Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон [1]. Ин шаҳрак дар охири солҳои 70 - ум дар наздикии деҳаи Садарак бунёд ёфтааст. Ин ном ба ифтихори президенти собиқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дода шудааст. 5 октябри соли 2010 шаҳраки нав кушода шуд, ки дар он Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ширкат варзид [2].
Дар шаҳрак биноҳои маъмурии ноҳияи Садарак мавҷуданд, ки тамоми инфрасохтор мавҷуд аст. Инчунин, даҳҳо хонаҳои нав сохта ба ихтиёри сокинони ноҳия дода шудаанд. Ба ҳар як хонавода қитъаи шахсии замин ба миқдори як ҳазор метри мураббаъ, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии сокинон пешбинӣ шудааст, ҷудо карда аст. Дар хонаҳои дуошёна хатҳои телефон, хати газ, барқ ва об кашида шуданд [2].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин шаҳрак соли 1970 бо ибтикори президент Ҳайдар Алиев таъсис ёфтааст. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон аз 23 марти соли 2000, он аз деҳаи Садарак (ҳоло шаҳрак) ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа, шаҳрак ба як воҳиди мустақили маъмурӣ табдил ёфтааст. Аз хориҷ аз ҷониби Арманистон, шаҳрак борҳо мавриди ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Арманистон қарор гирифта буд. Соли 1992 шаҳрак аз гулулаборони тӯпҳои артиллерия хароб шуда буд. Аз ин сабаб, аҳолии шҳрак муҳоҷирони маҷбурӣ шуданд. Онҳо маҷбур шуданд, ки дар деҳаи Садарак ва дигар ноҳияҳои Наҳҷувон ҷойгир шаванд.
Дар давраи солҳои 1997-1998 шаҳрак аз нав сохта шуд, корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ гузаронида шуданд, биноҳои нави маъмурӣ, иншооти ҷамъиятӣ, марказҳои тиҷорат ва ғайра сохта шуданд. Дар арафаи 75-солагии Ҳайдар Алиев 75 хонаи аз ҷониби арманиҳо харобшуда барқарор карда шуд. Аз ин сабаб, бо ташаббуси аҳолии маҳаллӣ шаҳрак "Ҳайдаробод" номгузорӣ карда шуд. Дар ин ҷо онҳо хати барқ кашиданд, як пойгоҳи обкашӣ сохтанд, ки канали Булагбоширо ба сӯи шаҳрак мебарад. Деҳа дорои заводи вино, мактаби миёна, боғча, беморхона ва дигар биноҳо мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Государственный комитет по статистике Азербайджанской Республики. 15 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
- ↑ 2.0 2.1 Ильхам Алиев ознакомился с новыми зданиями, построенными в поселке Гейдарабад Садаракского района. Официальный сайт Президента Азербайджана.