Jump to content

Ҷуфтбаророн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷуфтбароронмаросими кишоварзии тоҷикон, ки дар оғози фасли баҳор баргузор мешавад. Онро дар баъзе ҷойҳо говбандон ва қӯшбаророн низ меноманд.

Мақсаду моҳияти ин маросим шурӯъи мавсими кишоварзӣ, мутобиқ кунонидани барзаговҳои ҷуфтӣ баъд аз муддати дарози бекорӣ ба ҷуфти нав, ба қавли мардум «говхунуккунӣ», мебошад. Дар замонҳои пеш, то маросими ҷуфтбаророн ба ҷо оварда нашавад, ҳеч деҳқон ҳуқуқ ва ҷасорат надошт, ки мавсими ҷуфтро шурӯъ кунад. Мавсими ҷуфтрониро «Бобои Деҳқон» – мӯйсафеди ботаҷрибаву порсо ва муътабар бо иҷрои русуми куҳани ниёгон ва дуои махсус ифтитоҳ мекард. Сипас ба кишоварзони дигар иҷозат мешуд, ки пас аз додани нону таоми маросимӣ ба ҳаққу ҳамсоя ва дуо гирифтан аз Бобои Деҳқону пирони ботадбир барзаговҳоро ба юғу сипор бубанданд ва ҷуфтрониро оғоз намоянд.

Маросим дар деҳоти тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони баргузории ҷуфтбаророн дар ҳама ҷо як хел набуд. Он вобаста ба иқлим ва шароити табиат дар водиҳо ва минтақаҳои гарм барвақттар ва дар мавзеъҳои кӯҳсор дертар баргузор мешуд. Дар бисёр деҳоти водии Ҳисор кишоварзон дар поёни моҳи Ҳут, баъди «Дувоздаҳи кабки рав» маросими ҷуфтбароронро созмон дода, ба кишти баҳорӣ шурӯъ мекарданд ва арвоҳи «Бобои Деҳқон»-ро шод мегардонданд». Маъмулан, замон ва рӯзи барпокунии маросимро мӯйсафедону деҳқонони ботаҷриба муайян мекарданд. Барои ҷуфтбаророн рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа мувофиқ буданд, зеро онҳо рӯзҳои ҷуфти ҳафта буда, бахосият ҳисоб мешуданд. Дар деҳаи Сабағ (Мастчоҳ) ҷуфтбандии деҳқонон дар Наврӯз, ё сари соли нав барпо мешудааст. Дар деҳаи Роғ дар аввали моҳи ҳамал ҷуфт мебароварданд. Сокинони деҳа аз хонаҳо ба масҷид таом мебурданд ва дар саҳни масҷид палос густурда рӯйи он менишастанд. Пеш аз аз таомхӯрӣ куштигирӣ мешуд ва пас аз куштӣу таомхӯрӣ Бобои Деҳқон (деҳқони муътабари ботаҷриба, ки ин касбро мерос гирифта буд) говҳоро ба юғу сипор мебаст.[1]

Ба маросими ҷуфтбаророн аҳли деҳа, ҳама хурду калон ва зану мард тайёрӣ медиданд. Қабл аз шурӯъи ҷуфтронӣ дар масҷид ё меҳмонхонаҳои калон кӯрпаву палос паҳн карда, дастархони умумӣ мениҳоданд. Ҳар оила мувофиқи имкон ва қудраташ нону кулча ва хӯрок пухта, ба ҷойи муайянгардида меовард. Баъзан деҳқонони нисбатан доро гӯсфанд ё бузеро забҳ намуда, шӯрбо мепухтанд ва ба мардум пешкаш мекарданд. Дар Варзоб аз хӯрокҳо оши бурида ва далда бештар таҳия мегашт, ки рамзи баракату фаровониро доштанд. Дар деҳаи Харангони ҳамин ноҳия хӯроки маросимиро «авқоти ҷуфтбароӣ» меномиданд ва он аз ҷониби соҳиби замин барои мӯйсафедону деҳқонони дигар пешкаш мешуд. Дар деҳаҳои Мастчоҳ оши борик (оши бурида) ва атола мепухтанд ва барои ҷуфтгарон ба саҳро мебурданд.[1] Дар аксари маҳалҳо занҳо барои дастархони маросими ҷуфтбаророн нону кулчаҳои равғанину қаймоқин ва қатлама мепухтанд. Аз хӯрокҳо мардуми кӯҳистон бештар қурутоби бо равғани зард ё равғани зағирро меписандиданд. Зеро равған низ дар фарҳанги суннатии тоҷикон рамзи файзу баракатро ифода мекунад. Мӯйсафедони табаррук ба шоху гардани барзаговҳои корӣ равған мемолиданд ва орзуи баракату фаровониро карда, дуои нек медоданд. Дар деҳаи Варганзаи Қашқадарё ба шохҳои барзагов равғани зағир ва ба нӯги шохҳо ранги сурх мемолиданд. Дар маросими ҷуфтбаророни мардуми Яғноб «Киштай живарак» ба шохҳои барзаговҳои ҷуфтӣ равғани зард мемолиданд ва аз паси Бобои Деҳқон каме кишт карда, баъд суруду таронаҳо хонда ба манзили хеш бармегарданд. Равған дар боварҳои мардум ҳамчун рамзи баракату серҳосилӣ ба шумор рафта, инчунин барои эмин нигоҳ доштани узвҳои биноии барзагов аз хунукӣ мусоидат мекард. Инчунин равғанро ба сабаби он ба гардани барзаговҳо мемоланд, ки зери юғ гарданашон озурда нашавад ва дар ҳавои сарди аввали баҳор ҷароҳат нагирад. Дар маросими ҷуфтбаророн амалҳои эътиқодии дигар низ иҷро мешуданд. Масалан, рӯзи ҷуфтбаророн ба барзаговҳо яктогӣ нон мехӯронданд. Бо ин амал кишоварзон соли серию пурӣ шуданро орзу мекарданд. Барои дафъ кардани қувваҳои нопок ҳазориспандро дуд андохта, аз болои он барзаговҳоро гузаронида, баъд барои заминронӣ ба саҳро мерафтанд. Дар баъзе деҳаҳои Мастчоҳ дар рӯзи аввали ҷуфтбаророн дар хонаҳо нон ва атола мепухтанд. Якчанд нафар нон ва дар чалак ё сатил атоларо бо косаю дастархон ба сари замин мебурданд. Дар он ҷо Бобои Деҳқон якчанд хат заминро ҷуфтронӣ карда, онҳоро мунтазир буд. Онҳо ҳамроҳ нишаста таомро тановул мекарданд. Хӯроки боқимондаро дар тағора ё худи ҳамон сатилҳо андохта, ба назди барзаговҳо мениҳоданд. Инчунин ба ҳар шохи говон яктогӣ нон мехалониданд. Нонҳои боқимондаро ба ҳаво партофта мегуфтанд: «Эй ҳаво, нон бибор, ғалла бибор!». Сипас нонҳоро аз замин гирифта мехӯрданд. Нонҳои ба шохи говҳо халонидашударо барои хӯрдан ба худи барзаговҳо медоданд.

Дар хонаҳои деҳқонони навоҳии Ишкошиму Вахон дар ин рӯз таоми махсус аз орду об ва равғану шир омода мекардаанд, ки мардум онро «кочӣ» меномиданд. Таомро ба саҳро меоварданд. Соҳиби замин дар кафи дасташ як қошуқи пури атолаи кочиро гирифта, ба пешонии барзаговҳои ҷуфтӣ мемолид. Шахсони дигар дар сари дастархон нишаста, таом мехӯрданд. Аммо онҳо табақҳоро холӣ намекарданд, каме аз атоларо боқӣ мегузоштанд, рамзи серию пуриро дошт. Хӯроки боқимондаро дар дастҳо гирифта, ба рӯйи якдигар мемолиданд ва завқ бурда, шодию хуррамӣ мекардаанд.

Ҷуфтбаророн маросими шукронаи деҳқон аз корҳои кишоварзӣ ва орзую талаби баракату фаровонӣ ва серию пурӣ аз худованд мебошад, ки аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз омада расидааст. Бо гузашти замонҳо маънои бисёре аз бахшҳои ин маросим фаромӯш шуд. Ба замми ин дар асри XX дар соҳаи кишоварзии тоҷикон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад ва ҷуфтбаророн тадриҷан аз байн рафт.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 1.2 Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 82 - 85