ЮНЕСКО
Маркази маъмурӣ | |
---|---|
Нишонӣ | 7, place de Fontenoy 75007 Paris |
Намуди созмон | specialized agency of the United Nations[d] ва созмони байнидавлатии байналмилаллӣ[d] |
Забонҳо | инглисӣ, испониёӣ, фаронсавӣ, русӣ, арабӣ ва Забони чинӣ |
Санаи таъсис | 16 ноябр 1945[1] |
Материнская организация | Созмони Милали Муттаҳид[2] |
Ҷоизаҳо | |
Веб-сайт |
en.unesco.org(англ.) fr.unesco.org(фр.) es.unesco.org(исп.) ru.unesco.org(рус.) ar.unesco.org(ар.) zh.unesco.org(чинӣ) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
ЮНЕСКО (англ. UNESCO), Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид; Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (англ. United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization[3]) — як созмони тахассусии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳадафи кумак ба «эҷоди сулҳ, решакан кардани фақр, тавсеъаи пойдор ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ аз тариқи омӯзиш, улум, фарҳанг, иртиботот ва иттилоот» ба вуҷуд омадааст[4][5] ва ҷонишини Кумитаи байнулмилалии ҳамкории андешамандонаи Ҷомеъаи Милал аст[6].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Низомномаи ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон қабул карда шудааст. Он фаъолияти худро баъд аз ба нигоҳдорӣ супоридани санадҳо аз тарафи 20 давлат, ноябри соли 1946 оғоз намуд. Дар айни замон аъзои ин ташкилот аз 193 давлат иборат аст. ЮНЕСКО — ташкилотест, ки дар низомаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ гардида, барои кори сулҳ ва паст кардани ҳолатҳои муноқишавӣ ҳамкориро байни халқҳо бо воситаи илм, маориф ва фарҳанг пеш мебарад. Сардафтари ЮНЕСКО аз 5 ноябри соли 1958 дар шаҳри Порис (Фаронса) ҷойгир шудааст. Дар уҳдаи он 67 бюро ва зерсохтор, ки дар бисёр қисми ҷаҳони ҷойгир шудааст, вуҷуд дорад. Бо мақсади ҷорӣ намудани ҳадафи худ ЮНЕСКО 5 вазифаи асосиро иҷро менамояд, аз ҷумла:
- озмоишгоҳи ақидаҳо
- коркарди меъёрҳои байналмилалӣ
- манбаи ахборотӣ
- баланд бардоштани иқтидори кадрии давлатҳои аъзо
- ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ҳайати ЮНЕСКО аз се қисм иборат аст:
- Конференсияи Генералии давлатҳои аъзо, ки мақомоти олии идоракунандаи ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад ва одатан дар ду сол як маротиба ҷамъ мешаванд. Мувофиқи қоидаи Конференсияи Генералӣ ҳар як давлатҳои аъзо соҳиби як овоз мебошанд, барнома ва буҷаи ташкилотро Конференсияи Генералӣ тасдиқ менамояд.
- Шӯрои иҷрокунанда дар ҳайати худ 58 намояндаи давлатҳои аъзоро дорад, ки ҷаласаи онҳо дар як сол ду маротиба баргузор мегардад. Он ба сифати мақомоти маъмурӣ баромад карда ҷиҳати тайёрии кори Конфронсияи Генералӣ фаъолият менамояд.
- Котибот мақомоти иҷрокунандаи ташкилот ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Дабири Кулл, ки ба мўҳлати 6-сол интихоб мешавад, котибот баҳри татбиқи барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои аъзо қабул карда шудааст машғул мебошад. Даҳумин Дабири Кулли ЮНЕСКО дар таърихи Созмон ин Ирина Бокова мебошад, ки моҳи октябри соли 2009 ба ин вазифа интихоб карда шуд.[7]
Кишварҳои узви ЮНЕСКО
[вироиш | вироиши манбаъ]Кишвар | Пазируфтан | МҶ | ЗЗ | ҲҶ | МФҒ |
---|---|---|---|---|---|
Австралия | 04.11.1946 | ||||
Австрия | 13.08.1948 | ||||
Озарбойҷон | 03.06.1992 | ||||
Албания | 16.10.1958 | ||||
Алҷазоир | 15.10.1962 | ||||
Ангола | 11.03.1977 | ||||
Андорра | 20.10.1993 | ||||
Антигуа ва Барбуда | 15.07.1982 | ||||
Аргентина | 15.09.1948 | ||||
Арманистон | 09.06.1992 | ||||
Афғонистон | 04.05.1948 | ||||
Ҷазираҳои Багам | 23.04.1981 | ||||
Банглодеш | 27.10.1972 | ||||
Барбадос | 24.10.1968 | ||||
Баҳрайн | 18.01.1972 | ||||
Беларус[эзоҳ 1] | 12.05.1954 | ||||
Белиз | 10.05.1982 | ||||
Белгия | 29.11.1946 | ||||
Бенин | 18.10.1960 | ||||
Булғористон | 17.05.1956 | ||||
Боливия | 13.11.1946 | ||||
Босния ва Ҳерсеговина | 02.06.1993 | ||||
Ботсвана | 16.01.1980 | ||||
Бразилия | 04.11.1946 | ||||
Бруней | 17.03.2005 | ||||
Буркина-Фасо | 14.11.1960 | ||||
Бурунди | 16.11.1962 | ||||
Бутон | 13.04.1982 | ||||
Вануату | 10.02.1994 | ||||
Маҷористон | 14.09.1948 | ||||
Венесуэла | 25.11.1946 | ||||
Ветнам | 06.07.1951 | ||||
Габон | 16.11.1960 | ||||
Гамбия | 01.08.1973 | ||||
Гурҷистон | 07.10.1992 | ||||
Олмон | 11.07.1951 | ||||
Гана | 11.04.1958 | ||||
Юнон | 04.11.1946 | ||||
Гренада | 17.02.1972 | ||||
Дания | 04.11.1946 | ||||
Ҷибути | 31.08.1989 | ||||
Доминика | 09.01.1979 | ||||
Ҷумҳурии Доминикана | 04.11.1946 | ||||
Ҷумҳурии Демократии Конго | 25.11.1960 | ||||
Миср | 04.11.1946 | ||||
Қазоқистон | 02.03.1992 | ||||
Камбоҷа | 03.07.1951 | ||||
Камерун | 11.11.1960 | ||||
Канада | 04.11.1946 | ||||
Кейп-Верде | 15.02.1978 | ||||
Қибрис | 06.02.1961 | ||||
Чин | 04.11.1946 | ||||
Кореяи Шимолӣ | 18.10.1974 | ||||
Колумбия | 31.10.1947 | ||||
Коморҳо | 22.03.1977 | ||||
Конго | 24.10.1960 | ||||
Коста Рика | 19.05.1950 | ||||
Кот-д'Ивуар | 27.10.1960 | ||||
Куба | 29.08.1947 | ||||
Ҷазираҳои Кук | 25.10.1989 | ||||
Давлати Фаластин | 31.10.2011 | ||||
Русия[эзоҳ 1] | 12.05.1954 | ||||
Эл Салвадор | 28.04.1948 | ||||
Тувалу | 21.10.1991 | ||||
Таиланд | 01.01.1949 | ||||
Тонга | 29.09.1980 | ||||
Тоҷикистон | 06.04.1993 | ||||
Тунис | 08.11.1956 | ||||
Туркманистон | 17.08.1993 | ||||
Туркия | 04.11.1946 | ||||
Украина[эзоҳ 1] | 12.05.1954 | ||||
Уганда | 09.11.1962 | ||||
Ӯзбекистон | 26.10.1993 | ||||
Уругвай | 08.11.1947 | ||||
Фиҷи | 14.07.1983 | ||||
Филиппин | 21.11.1946 | ||||
Финляндия | 10.10.1956 | ||||
Фаронса | 04.11.1946 | ||||
Хорватия | 01.06.1992 | ||||
Ҷумҳурии Африқои Марказӣ | 11.11.1960 | ||||
Чад | 19.12.1960 | ||||
Чехия | 22.02.1993 | ||||
Чили | 07.07.1953 | ||||
Черногория | 01.03.2007 | ||||
Швейтсария | 28.01.1949 | ||||
Суэд | 23.01.1950 | ||||
Шри Ланка | 14.11.1949 | ||||
Эквадор | 22.01.1947 | ||||
Гвинеяи Экваторӣ | 29.11.1979 | ||||
Эритрея | 02.09.1993 | ||||
Эстония | 14.10.1991 | ||||
Эфиопия | 01.07.1955 | ||||
Судони Ҷанубӣ | 27.10.2011 | ||||
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ | 12.12.1994 | ||||
Ямайка | 07.11.1965 | ||||
Ҷопон | 02.07.1951 | ||||
Латвия | 14.10.1991 |
Эзоҳ ба ҷадвал:
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Дар соли 1954, ҷудо аз ИҶШС, ҶШС Укройн ва ҶШС Беларус дар Юнеско пазируфта шуданд.
ЮНЕСКО дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.un.org/youthenvoy/2013/08/unesco-united-nations-educational-scientific-and-cultural-organization/
- ↑ https://research.un.org/en/docs/unsystem/unesco
- ↑ UNESCO. UNESCO. 25 сентябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2013.
- ↑ Introducing UNESCO. UNESCO. 8 августи 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 августи 2011.
- ↑ UNESCO history. UNESCO. 23 апрели 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 апрели 2010.
- ↑ Grandjean, Martin (2018). Les réseaux de la coopération intellectuelle. La Société des Nations comme actrice des échanges scientifiques et culturels dans l'entre-deux-guerres [The Networks of Intellectual Cooperation. The League of Nations as an Actor of the Scientific and Cultural Exchanges in the Inter-War Period]. Lausanne: Université de Lausanne. Archived from the original on 12 September 2018. Retrieved 5 April 2019. (English summary Бойгонӣ шудааст 22 марти 2019 сол.).
- ↑ Таърихи ЮНЕСКО(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии СММ ба забони русӣ
- расмии намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (пайванди дастнорас)
- Маълумоти умумӣ ба забони русӣ
- Мамалакаӣҳои аъзои СММ ба забони русӣ
- Хабар ба забони русӣ
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) | |
---|---|
Созмони Милали Муттаҳид: | Маҷмаи умумӣ • Шӯрои амният • Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ • Даберикул • Шӯрои умано • Додгоҳи адолати байнулмилал |
Барномаҳо, Манобеи молӣ, Ажансҳо: | UNCTAD • UNDCP • UNDP • UNEP • ЮНЕСКО • UNFPA • UNHCR • UN-HABITAT • ЮНИСЕФ • UNRWA • WFP • СҶБ |
United Nations resolutions: | General Assembly • Security Council |
Membership: | Member states • Observers |