Jump to content

Ёрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ёрӣ (деҳа))
Деҳа
Ёрӣ
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Ёрӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 12 760 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3475
Нишонаи почта 735500
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ёрӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент.

Аз Ёрӣ то маркази ноҳия 24 км; роҳ — мумфарш. Аҳолиаш 12 760 нафар (январи 2017). Деҳа 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, боғчаи бачагон, хонаи фарҳанг, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 5 дорухона, 3 маркази савдо, 39 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёб, обҷувози хусусӣ, 3 масҷиди ҷомеъ, 5 масҷиди панҷвақта, чойхона ва ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи пойгоҳҳои обкашии Тали Паст ва Дупула аз дарёи Зарафшон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа коргоҳи адрасбофӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Ёрӣ», «Хуросон» ва 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.

Сол 2010[1] 2020[2]
Аҳолӣ 11002 14110

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳақ Файзиев, яке аз аввалин барпокунандагони сохти колхозӣ дар ноҳия Бобо Раҷабзода, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувакил Абдушаҳидов, Абдушаҳидов Абдураҳмон ходимони давлатӣ Раҷаб Файзиев (собиқ раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Колхозчиён), Ортуқ Рӯзиев (собиқ котиби якуми Ҳизби коммунисти ноҳияи Ванҷ), олими соҳаи физика Абдувадуд Ғафуров, номзади илмҳои филология Меҳрангез Набиева, дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Жуков Кабир Ғафуров, дорандагони ордени Шараф (дараҷаи 3) Даврон Ёров, Атохон Қориев, Насриддин Раҷабов, ордени «Ситораи Сурх» Ҷумъабой Ҷумъаев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд. Дар ҳудуди деҳа мағораи Сомеъ, қурғон ва мақбараи эшон воқеъ аст.

  1. Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
  2. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.