Jump to content

Агроклиматология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Агроклиматология — (аз агро…, юнонӣ klima – иқлим ва logos – илм), як соҳаи илм. Агроклиматология иқлимро ҳамчун омили истеҳсолоти кишоварзӣ меомӯзад. Ҳосилхезии хок, захираи об ва олами наботот ба иқлим вобастагии ногусастанӣ доранд. Дар ҷумҳурӣ тадқиқи агроклиматологии зироат (аз ҷумла пахта) охири солҳои 20 садаи XX сар шуд. Дар ибтидо асосан таъсири номусоиди обу ҳаво (сармо, хушксолӣ, гармсел ва ғайра) ба зироат мавзӯи пажӯҳиш қарор гирифта буд. Феълан агроклиматология роҷеъ ба ноҳияҳои агроиқлимӣ (бо мақсади беҳтар ҷо додани зироат, ҳайвоноти хонагӣ ва ғайра), корбасти усулҳои алоҳида ва маҷмӯи тадбирҳои агротехникӣ, ба шароити иқлим мувофиқ гардондани кори мошинҳои кишоварзӣ, дарёфти тадбирҳои мубориза бо шароити номусоиди иқлим, ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зироат, омӯзиши иқлим ва микроиқлим (бо мақсади барои истеҳсолоти кишоварзӣ мусоид намудани онҳо) пажӯҳиш анҷом медиҳад. Хоса пажӯҳишҳое, ки ба омилҳои асосии иқлим вобаста будани рушду инкишоф ва ҳосилнокии зироатро муқаррар мекунанд, аҳамияти калони амалӣ доранд. Ифодаи миқдории ин вобастагиро нишон­диҳандаи агроиқлимӣ (масалан, маҷмӯи ҳарорат, ки дар давраи нашв талаботи ба гармӣ доштаи рустаниро тавсиф мекунад; миқдори намие, ки барои рӯёндани ҳосили муайян лозим аст ва ғайра) меноманд. Барои ноҳияҳои пахтакор роҳҳои баҳисобгирии бо гармӣ, бориш ва захираи намии хок таъмин шудани пахта (баробари ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои географии ноҳияҳои алоҳида), давомоти давраи бесармо, сармоҳои такроршаванда, гармсел ва ғайра дарёфт шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки кишти пахта ва дигар зироат мувофиқи хусусиятҳои навъӣ дуруст ҷо ба ҷо гузошта шавад. Дар асоси тадқиқоти дар ноҳияҳову вилоятҳо гузаронида маълумотномаҳо тартиб медиҳанд. Ҳудуди ҷумҳурӣ ба 11 ноҳияи агроиқлимӣ тақсим шудааст: Дилварзин (ноҳияи Мастчоҳ), Туркистони Шимолӣ (ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Истаравшан, Ғончӣ, Хуҷанд), Қурама (ноҳияи Ашт), Исфара (ноҳияи Исфара ва Конибодом), Зарафшон (ноҳияи Панҷакент ва Айнӣ), Ҳисор (шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода, Файзобод), Вахш (ноҳияи Шаҳритуз, Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ховалинг, Ёвон, Панҷ), Қизилсу (ноҳияи Фархор, Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Бохтар, Хуросон, Ҷилликӯл, Қабодиён, Муъминобод), Қаротегину Дарвоз (Обигарм, ноҳияи Нуробод, Рашт, Ҷиргатол), Помири Ғарбӣ (ноҳияи Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ, Ишкошим, Шуғнон) ва Помири Шарқӣ (ноҳияи Мурғоб, Қарокӯл). Натиҷаи пажӯҳишҳои агроклиматологӣ барои рӯёндани ҳосили фаровони зироат, маҳсулоти чорво, пешгирии зиёни гармсел, сел, сармозанӣ, хушксолӣ ва жолазанӣ кумак мерасонад. Раёсат ва пойгоҳҳои обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ аз вазъияти обу ҳавои маҳалҳо рӯзе 3 маротиба хабар дода, харитаи ҳарҳафтаинаи онро таҳия месозанд.