Jump to content

Зумар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аз Зумар)
Сура —
Маънои ном гурӯҳҳо, дастаҳо, ҷамоаҳо
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 39
Шумораи оятҳо 75
Ҷузъ 23—24
Шумораи рукӯъ 8
Сураи гузашта Сураи Сод
Сураи раванд Сураи Ғофир
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Зумар (араб. الزمرгурӯҳҳо, дастаҳо, ҷамоаҳо) — сию нуҳумин сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 75 оят аст.

« Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди ҳаким аст. Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем (фиристодем). Пас Худоро бипараст ва дини худ барои Ӯ холис гардон! Огоҳ бош, ки дини холис аз они Худост ва онон, ки ғайри Ӯ дигареро ба худои гирифтанд, гуфтанд: «Инонро аз он рӯ мепарастем, то василаи наздикии мо ба Худои якто шаванд. Ва Худо дар он чӣ ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард. Худо онро, ки дурӯғгӯву носипос бошад, ҳидоят намекунад. Агар Худо мехост, ки барои худ фарзанде баргирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Пок аст. Ӯст Худои яктои қаҳҳор!
»

Номи сура аз оятҳои 70 ва 73-юми он баргирифта шудааст. Номи дигари Зумар «Ғураф» (ғурфаҳо – ҳуҷраҳои бошукӯҳ) мебошад, ки дар ояти 20-ум зикр шудааст. Муҳтавои умумии Зумар[1]:

  1. Ҷойгоҳ, нузул ва ҳадафҳои Қуръон.
  2. Даъват ба тавҳид дар холиқият, рубубият ва улуҳият.
  3. Ихлос дар бандагӣ ва дурӣ аз ширку риё.
  4. Офариниши дунё, инсон ва такомули тадриҷии он.
  5. Маод, бозхости аъмол, ошкор шудани натоиҷи аъмол, подош ва ҷазо, дастабандии одамон ва гурӯҳ-гурӯҳ бурда шудани кофирон ба сӯи оташ.
  6. Даста-даста бурда шудани биҳиштиён ба сӯи биҳишт ва шодбошии фариштагон аз қудуми онҳо.
  7. Таъсири Қуръон бар дилҳо ва ҷонҳо.
  8. Сарнавишти ақвоми пешин ва муҷозоти илоҳӣ.
  9. Тавба, боз будани роҳи бозгашт ба сӯи Худо ва омурзиши тамоми гуноҳон.
  10. Ҳокимияти мутлақи Худо дар дунё ва охират.

Матолиби зикршуда дар Зумар дар атрофи даъват ба тавҳиди холис, тавсия ба шинохти Ҳақ ва ҳақиқат, фарорасии рӯзи қиёмат, ҳаёти пас аз марг ва барпо шудани додгоҳи адли илоҳӣ дар он рӯз мечарханд. Пас аз зикри офариниши осмонҳо ва Замин, доирашакл будани Замин, печидани шаб бар рӯз ва рӯз бар шаб дар натиҷаи гардиши Замин бар меҳвари худ матраҳ шуда, баён гардидааст, ки Офтобу Моҳ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ тобеи қонунмандиҳои илоҳӣ ҳастанд ва дар саросари олами ҳастӣ ҳеч гуна беназмӣ ва ҳаракате, ки низоми куллии коинотро халалдор созад, ба назар намерасад. Дар Зумар тарз ё меъёри бахшиши гуноҳон ва подоши амалҳои неки муъминон, мавзӯи ҳидоят ва залолат баён гардидааст: ҳидояти таквинӣ (халқшуда) дар ниҳоди ҳар як фард зотан мавҷуд буда, ҳидояти ташреӣ (шариатӣ) ба таклифи шариат вобастагӣ дорад. Дар баробари исботи тавҳид ба доварии ақл, ҳукми виҷдон ва фитрати солим, офариниши Осмону Замин аз ҷониби Худо, эътирофи офаридгории Парвардгор ва беҳудагии парастиши ғайр аз Худо, масъалаҳои қабзи рӯҳ, поини ҳаёти дунё, барпо шудани қиёмат, марҳалаҳои оғозини ҳаёти ухравӣ, дамида шудан дар Сур, зиндашавӣ ва ба по хестани ҳамаи мурдагон, дубора мунаввар гардидани Замин бо нури Парвардгор, гузошта шудани китоби амалҳои бандагон ва ҳисобу китоби онҳо, муайян гардидани сарнавишт ва манзили абадии мардум баён ёфтаанд[1].

  1. 1.0 1.1 Зумар / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Сураи қаблӣ: Сураи Сод Сура 39Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Сураи Ғофир