Jump to content

Анфол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ал Анфол)
Сура —
Маънои ном ғаниматҳо
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Тартиби нозил 88
Омор
Рақами сура 8
Шумораи оятҳо 75
Ҷузъ 9—10
Ҳизб 18—19
Шумораи рукӯъ 10
Шумораи калима 1095
Шумораи ҳарф 5080
Сураи гузашта Сураи Аъроф
Сураи раванд Сураи Тавба
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Анфол (араб. الأنفالғаниматҳо) — ҳаштум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз аз 75 оят ва 10 рукӯъ иборат аст. Ба тартиби нузул сураи 95 мебошад. Номи Анфол аз ояти 1 гирифта шудааст.

Сура дар хусуси ғазваи Бадр нозил шуд ва дар он баёни аҳкоми ғаниматҳо, сифату хусусиятҳои имоновардагон ба Худову Пайғамбар (с), муносибати онҳо ба ҷанг, бахусус ҷанги Бадр, нусрат ёфтани муъминон аз ҷониби Худо ба тавассути фариштагон дар ҷанг, баъзе ҳолатҳои ин ҷанг, итоат кардан ба амри Худову Пайғамбар (с) ва қабули даъвати онҳо, макру ҳилаҳои мушрикон ба муқобили Пайғамбар (с), нобуд шудани ин макрҳо ва молҳои дар ин роҳ сарфшуда ва ғайра оварда шудааст. Аз ояти 40 боз ба мавзӯи ғаниматҳо ва чигунагии тақсими он, ҳолоти муъминон ва мушрикон дар ҷанг, муносибати шайтон ба мушрикон руҷӯъ шуда, дар зимн фиръавниёну пешиниён ва оқибати кори онҳо, муомила бо шиканандагони аҳду паймон зикр ёфтааст. Сипас боз баёни ҷанг, омодагии ҳарбии мусулмонон дар баробари ҳар гуна душман, шартҳои асир гирифтан, қабули фидя аз онҳо оварда мешавад. Баъд оятҳое меоянд, ки дар онҳо ҳамаи мусулмонони замони Пайғамбар (с) — муҳоҷирону ансориён дар асоси имон, ҳиҷрат, ширкат дар ҷиҳод ва муносибат ба ҳиҷрату ҷиҳод табақабандӣ шуда, савобу подоши онҳо муайян гардидааст.

« Туро аз ғаноими (ғаниматҳои) ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаноими ҷангӣ азони Худову паёмбар аст. Пас агар аз муъминон ҳастед, аз Худой битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!» Муъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд. Инҳо мӯьминони ҳақиқи ҳастанд. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷотанд ва мағрифату ризқе некӯ. Ончунон буд, ки Парвардигорат туро аз хонаат ба ҳақ берун овард, ҳол он ки гурӯҳе аз муъминон нохушнуд буданд. Бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда дар бораи он бо ту муҷодала мекунанд, чунон қадам бармедоранд, ки гуё мебинанд, ки онҳоро ба сӯӣ марг мебаранд.
»
Сураи қаблӣ: Аъроф Сура 8Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Тавба