Jump to content

Бежан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бежан писари Гев)
Бежан
Падар Гев
Модар Бонугушасп
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бежан (форсӣ: بیژن‎) — яке аз шахсияти устураӣ дар ҳамосаҳои манзуму мансур, қиссаву ривоятҳои қадими эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Гев ва Бонугушасп.

шахсиятҳо

Бежан дар Шоҳнома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бежан дар тавоноию нерӯ пас аз падараш Гев, ки ҳампои Рустам буд, қарор дошт. Дар замони Кайхусрав дар набардҳо бо душманони Эрон қаҳрамониҳо мекард. Яке аз корномаҳои ӯ барои нест кардани гурозон ба Ирмон (мавзее дар марзи Эрону Турон) рафтанаш мебошад. Гурозонро маҳв кард, вале худ ба банди Манижа — духтари Афросиёб афтод. Қиссаи меҳрварзии Бежан ва Манижа мавзӯи достони ишқӣ-романтикии «Бежану Манижа» мебошад. Дар рафтори Бежан хислати худхоҳӣ ба назар мерасад. Ӯ мехост, ки шуҳратманд, аз ҳама паҳлавонони эронӣ болотар бошад. Бежан ба набарди Фаруд — писари дигари Сиёвуш рафта ӯро захмӣ кард ва ба ақибнишинӣ маҷбур намуд. Бежан аз паҳлавонони бемарг, ҷовидонии эронӣ аст. Вай ҳамроҳи шоҳ Кайхусрав ва чанде дигар аз паҳлавонони эронӣ дар ғоре рафта, нопадид шуд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ боз аз ду Бежан сухан меравад. Якеашон танҳо номбар шудааст. Дигараш ҳокими Самарқанд аст, ки Моҳуи Сурӣ — ҳукмрони Марв барои нест кардани охирин шоҳи сулолаи Сосониён Яздгурди 3 (бар асари ҳуҷуми арабҳо аз пойтахт фирор карда, ба Марв расида буд) аз вай мадад хост. Бежан — ҳукмрони Самарқанд ба ҷанг ба ёрии Моҳуи Сурӣ лашкар фиристод, вале худаш нарафт.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]