Jump to content

Вақт (тасаввуф)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вақт (тасаввуф) (ар. وقت – ҳангом, гоҳ, миқдоре аз замон), дар тасаввуф вориде ғайбӣ бар солик, як дам аст, ки ориф дар он ба абадият иттисол меёбад, уруҷест, ки суфиро аз замону макони моддӣ ҷудо карда, бо абадият мепайвандад; лаҳзаи ғайбат аз хеш ва ҳузур дар боргоҳи илоҳӣ, ламъаи ҳоли сармадӣ, ошкор шудан ва таҷаллии доираи азалу абад, ибтидо ва интиҳои олам; лавҳаи иттиҳод ва иттисоли нуқтаи охир ва аввал; фосилаи байни гузашта ва оянда, ҳадди байни азалу абад ва ибтидову интиҳои олам, нуқтаест, ки қаблияту баъдият дар як ҷо ҷамъ меояд ва дар он чизҳо ба таври ҳамзамон мушоҳида мешаванд.

Наҷмуддини Кубро Вақтро ба «сайфи қотеъ» («шамшери буранда») ташбеҳ кардааст, ки моқабл ва мобаъди худро ба ду ним мекунад: ниме, ки гузашт ва ними дигар, ки ҳанӯз наёмадааст. Аз ин рӯ, касе таслими он шавад, раҳоӣ ёбад ва касе, ки бо он мухолифат кунад, ҳалок гардад. Ибни Сино фаҳмиши Вақтро аз нигоҳи суфиён чунин шарҳ додааст: «Бидон, ки чун иродат ва риёзат ба ҳадде расад, андар расад ӯро халсоте лазиз аз нури Ҳақ бар вай, ҳамчунон ки барқе бидурафшад ва андар ҳол бимирад. Ва наздики эшон ин ҳолро «авқот» хонанд». Суфия дар мавриди Вақт чунин истидлол менамояд, ки Пайғамбар (с) фармудааст: «Бароям бо Худованд вақтест, ки дар он ҳеч фариштаи муқарраб ва на паёмбари мурсал маро фаро намегирад». Вақт дар ин ҷо ба маънои қурб буда, ин мақом аз ҳар вуҷуде ба ғайри Аллоҳ холӣ аст ва хушвақтии суфиён низ натиҷаи ҳамин нобудӣ ва нестист. Ибни Арабӣ Вақтро иборат аз ҳоли ту дар замони ҳол медонад, ки ҳеч вобастагие ба гузаштаву оянда надорад. Ба андешаи ӯ, Вақт он аст, ки ту ба воситаи ӯ ва бар ӯ дар замони ҳол мебошӣ ва он амри вуҷудиест миёни ду адам. Дар Вақт ориф, ба қавли Азизуддини Насафӣ, «ҳар чӣ ҳаст ва ҳар кӣ ҳаст, ба ҷуз Ҳақ таоло, ҳамаро фаромӯш кунад ва аз ҳама бехабар шавад ва ба аввали олами нестӣ ва фано расад ва дар ин мақом аст, ки дуӣ ва касрат бармехезад ва ягонагии Худо бар солик зоҳир мешавад. Ва чун солик ба ин мақом расид, ба аввали олами тавҳид расид, зеро наздики солик ба ҷуз аз Ҳақ таоло ҳеч чизи дигар мавҷуд нест, аз ҷиҳати он ки ба ҷуз Ҳақ таоло чизи дигаре намебинад ва намедонад». Суфиён ду қисманд: ибнулвақт (фарзанди Вақт) ва абулвақт (падари Вақт). Ибнулвақт касест, ки тобеъ бошад ва Вақт бар ӯ ғолиб ояд ва абулвақт касест, ки ӯ бар В. ғолиб бошад. Азбаски суфиён Вақтро нақд ва ғанимат шумурда, ба асрори ҳар лаҳзае аз Вақт ва вуқӯи ҳар амре дар ҳар дам аз В. пай мебаранд, онҳоро «ибнулвақт» мегӯянд. Яке аз сабабҳои дигаре, ки суфиро «ибнулвақт» гуфтаанд, ин аст, ки ӯ В. ва замони ҳар корро бишиносад, «ҳол» ва кайфияти дарунӣ ва вориди ғайбиро зуд бигирад ва истифода кунад. Ба қавли Ҷалолуддини Румӣ:

Суфӣ ибнулвақт бошад, эй рафиқ,
Нест «фардо» гуфтан аз шарти тариқ.

Ба қавли Наҷмуддини Кубро, «суфӣ ҳам, ки ботину зоҳираш сайқал ёфта, ибнулвақт аст ва дар меҳвари вақт ба чархиш дармеояд ва ба ҳар ҷое, ки ӯ бошад, мутаҳаррик аст ва таваҷҷуҳе ба гузаштаву оянда надорад, зеро вай ҳар гоҳ тобеи гузашта ва пайрави оянда бошад, дар натиҷаи ин табаият вақтро аз даст дода ва дар зоеъ кардани он кӯшидааст». Ин гурӯҳи суфиён вобастаи Вақт ва ҳол («аҳли ҳол») мебошанд, аммо суфиёне низ ҳастанд («аҳли мақом», «софӣ »), ки аз В. ва ҳол болотар буда, В. ва ҳол дар таҳти ихтиёри эшон қарор дошта, эшонро соҳиб (худованд)-и В. мехонанд:

Суфӣ ибнулвақт бошад дар мисол,
Лек софӣ фориғ аст аз вақту ҳол.

Дар назди суфӣ Вақт ғанимат аст, чаро ки он ҳамчун барқе хотиф ва гузаро меояд, лекин дер намепояд, аз ин рӯ бояд дар ҳифзи он бикӯшид. Чунонки Ҳофиз гуфтааст:

Вақтро ғанимат дон он қадар, ки битвонӣ,
Ҳосил аз ҳаёт, эй ҷон, ин дам аст, то донӣ.

Нақди Вақтро Умари Хайём низ таъкид кардааст:

Аз дӣ, ки гузашт, ҳеч аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун!
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,

Ҳолӣ хуш бошу умр бар бод макун! Вақтро нигоҳ доштан дар фосилаи байни гузашта ва оянда, дар «ҳол» ҳамеша зистан, мақоми фанои аз хеш ва бақо ба Худо, «ҳузур» ва будан дар макону замоне дигар аст. Вақт бо ҳол, ки вориде ғайбӣ буда, сабаби инқитоъ ва инфисоли суфӣ аз замону макон мешавад, ба маънои ҳолати мобайни гузаштаву оянда муродиф аст.

Абуалӣ ибни Сино. Ос. мунтахаб. Ҷ. 1. Д., جرجاني علي بن ; 1981 محمد. التعريفات. مصر، ۱۳۵۷ ؛كاشانى عبد الرزاق. ترجمۀ اصطلاحات الصوفية. تهران، ۱۴۱۹ ؛ سجادي سيدجعفر. فرهنگ اصطلاحات و تعبيرات عرفاني. تهران، ۱۳۸۳ ش.؛ هجويري ابو الحسن. كشف المحجوب. تهران، ۱۳۸۴ ش.؛گل بابا سعيدي. فرهنگ جامع اصطلاحات عرفاني ابن عربي. تهران، ۱۳۸۷ ش.؛ افسانه ناظري. وقت صوفي. در: پژوهش زبان و ادبيات فارسي. فصلنامۀ علمي – پژوهشي. شمارۀ ۱۶. بهار ۱۳۸۹ ش