Вузӯ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Вузӯ (ар. الوضوء‎ — шустушӯ), дастнамоз, обдаст[1] — дар фиқҳ амали ибодатие, ки ҳамвора бо шустан ва масҳ кашидани андомҳои муайяни бадани инсон анҷом дода шуда, шарти дуруст гардидани намоз ва василаи пазируфта шудани он ба шумор меравад.

Машрӯъияти вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

Машрӯъияти вузӯ ба далелҳои сегона (Қуръон, Суннат ва иҷмоъ) собит шудааст. Далели нахуст фармудаи зерини илоҳӣ дониста мешавад: «Эй муъминон, чун ба намоз бархезед, рӯй ва дастҳои худро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кунед ва пойҳои худро то шитолинг бишӯед». يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ مِنْهُ مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ وَلَكِنْ يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ  ‎  Ба зарурат ва фазилати вузӯ ҳадисҳои набавии зиёде низ далолат мекунанд. Чунончи, тибқи ҳадис, намози касе, ки ба вай ҳадас расида бошад (таҳораташ шикаста бошад), то вузӯ нагирад, аз ҷониби Худованд пазируфта намешавад. Фарзияти вузӯ ҳамзамон бо фарз гардидани намоз сурат гирифта, вузӯ бар касе фарз аст, ки иродаи гузордани намоз дошта бошад.

Амалҳои вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

Амалҳое, ки ҳангоми вузӯ анҷом дода мешаванд, баъзе фарз, баъзе суннат ва баъзеи дигар мустаҳаб мебошанд.

Фарзҳои вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар вузӯ чаҳор фарз аст:

  1. Шустан (ғасл)-и рӯй як бор.
  2. Шустани ду даст то оринҷ.
  3. Масҳи чаҳоряки сар.
  4. Шустани ду пой то шитолинг.

Суннатҳои вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тасмия («Бисмиллоҳ» гуфтан) дар оғози вузӯ
  2. Се бор шустани кафи дастон.
  3. Мисвок кардани дандонҳо
  4. Се бор обгардон кардани даҳон (мазмаза)
  5. Се бор кашидани об ба дохили бинӣ ва шустани он (истиншоқ)
  6. Масҳи тамоми сар
  7. Хилол кардани ангуштон
  8. Хилол кардани риш
  9. Се бор шустани ҳар андом
  10. Бо дасти тар молидан ва соиш додани андомҳои вузӯ
  11. Тартиб, пайваста ва билофосила анҷом додани амалҳои вузӯ (муволот).

Баъзе имомҳои мазҳабҳо аз ҷониби рост оғоз кардани шустушӯи дасту по, зиёда аз андозаи фарз шустани рӯй ва пой, исроф накардани оби вузӯ, дуо кардан пас аз анҷоми вузӯ, гузордани ду ракъат намоз (шукри вузӯ)-ро низ аз ҷумлаи суннатҳои вузӯ донистаанд. Аммо амалҳои мазкур тибқи мазҳаби ҳанафӣ дар шумори одоб ва мустаҳабботи вузӯ мебошанд.

Воҷиботи вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо вузӯ будан дар мавридҳои зерин воҷиб ба шумор меравад:

  1. Адои ҳар гуна намози фарзӣ ё нафлӣ, аз ҷумла намози ҷаноза. пайғамбар (с) фармудааст: «Агар бар умматам машаққат намебуд, барои ҳар намоз онҳоро амр ба вузӯ мекардам ва дар ҳар вузӯ ба мисвок кардан»
  2. Тиловати Қуръон ва ба ҷо овардани саҷдаи тиловат
  3. Тавофи Хонаи Каъба
  4. Мисос кардани (даст расонидан ба) Қуръон. Аммо қироати Қуръон аз рӯи ҳифз бе вузӯ ҷоиз аст
  5. Даст расондан ба чиз ё зарфе, ки бар он ояти Қуръон навишта шудааст.

Мустаҳабботи вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

Вузӯ гирифтан дар чунин мавридҳо мустаҳаб ва писандида аст:

  • ҳангоми зикри номи Худо
  • пеш аз хоб ба шахси ҷунуб, вақте ки қасди хӯрдану ошомидан, дубора ҳамбистарӣ кардан ё хобидан дошта бошад
  • қабл аз ғусл
  • барои адои ҳар намоз
  • ғусл додани майит; бардоштани тобут
  • азону иқомат; фурӯ нишондани хашму ғазаб
  • шустани осори гуноҳ ва лағжишҳо, чун ғийбат, суханчинӣ, дурӯғгӯӣ
  • саъйи байни Сафо ва Марва

Суфия покшавӣ аз ҳадасро вузӯи зоҳир хонда, дар баробари ин қоил ба вузӯи ботин мебошад ва онро аз изолати нуқсонҳои кавния, аз байн бурдани сифатҳои накӯҳида ва ороста кардани худ бо сифатҳои писандидаи ахлоқӣ иборат медонад. вузӯ воситаи муҳимми риояи ҳатмии беҳдошт ва гигиенаи шахсӣ дар ислом ба шумор меравад.

Шиканандаҳо (навоқиз)-и вузӯ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳар чизе, ки аз ду роҳи пешу паси инсон берун мешавад, хоҳ кам бошад, хоҳ бисёр
  2. Палидӣ (хун, рим, зардоб ва ғайра), ки аз бадани инсон хориҷ шуда, ҷорӣ мегардад. Агар хун бар сари захм қарор гирифта, ҷорӣ нашуда бошад, вузӯ намешиканад
  3. Қай кардан (истифроғ), дар сурате, ки даҳонро пур кунад
  4. Хобидан ба паҳлу, ёзидан бар болин, бо пушт ё рӯй (изтиҷоъ)
  5. Хоби такязада бар чизе, дар ҳолате ки он чиз (мас., болишт) гирифта шавад, шахси хобида биафтад
  6. Беҳушӣ (иғмо)
  7. Девонагӣ (ҷунун)
  8. Хандаи қаҳқаҳа ҳангоми намозе, ки дар он рукӯъ ва саҷда аст.

Агар дар андом захме ё дарде вуҷуд дошта бошад, ки расондани об ба он зарар расонад, шустани он зарур набуда, танҳо масҳ кашидани ҳамон андом ё бандинаи рӯйи он кифоят мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо (мас., набудани об, тангии вақт, беморӣ, сардии ҳаво) ба ҷойи вузӯ таяммум карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обдаст чист? Маънои вожаи обдаст(тоҷ.). Вожаҷӯ. vazhaju.com. 5 феврали 2018 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Чаҳоркитоб. Д., 1991;
  • Ҳадяту-л-мубтадин. Д., 1997;
  • Аллома Марғелонӣ. Ҳидоя. Ҷ. 1. Д., 2010;
  • Боқизода А. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Лоҳур, 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]