Гунбаз (деҳа, н. Ғафуров)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гунбаз | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Ғафуров |
| Ҷамоат | Деҳоти Ғозиён |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 939 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Гунбаз — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Ғафуров. Аз Гумбаз то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ — асфалтпӯш. Аҳолиаш 994 нафар (2013), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Нуқтаи хидмати маишӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва чойхона дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чорсӯ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва пахтакорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷабоқирғон ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гунбаз хоҷагии деҳқонии «Гунбаз» мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гунбаз // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2