Jump to content

Иди Рамазон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Иди фитр)
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Иди Фитр – идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Ин иди саид се рӯз идома меёбад ва ҳамчун яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад. Ин идро пас анҷоми моҳи Рамазон, рӯзи аввали моҳи Шавволи солшумории ҳиҷрӣ таҷлил мекунанд. Моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр дар байни халқи тоҷик ҳамроҳ бо расму ойинҳо, бовару муътақидот, шеъру таронаҳо ва пазироии махсус садсолаҳои зиёд аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд. Ҳамчун яке аз рукнҳои ибодат дар давоми сӣ рӯзи моҳи Рамазон мусулмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб чизе тановул намекунанд. Ҳамеша ба якдигар муомилаи хуш карда, забонашонро аз ғайбат, туҳмат ва дашном нигоҳ медоранд. Сипас баъди ифтор дар масҷидҳои шаҳру деҳот ва маҳаллаҳо мардҳо ҷамъ омада, ба хондани намози таровеҳ машғул мешаванд. Дар намози таровеҳ хатми Қуръон карда, дуоҳо хонда мешаванд. Як одати маъмулии моҳи Рамазон рабиманхонии бачагон мебошад, ки дар бисёр ноҳияҳо иҷро мешавад. Дар шабҳои Рамазон баъд аз ифтор бачагону наврасон гурӯҳ шуда, хона ба хона мегарданд ва суруди «Раби ман»-ро дастҷамъона бар дари ҳар хонавода рафта, мехонанд.

Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Раби ман чанд рӯз меҳмони ман аст,
Шабако ошаки явғони ман аст.
Эй бибӣ, бархез давлат саратон,
Саду бистсола шавад писаратон.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Бачаҳо омадаанд лаб-лаби бом,
Худо як писар диҳад муллоимом.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Бачаҳо омадаанд мавиз барин,
Худо як писар диҳад раис барин.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Бачаҳо омадаанд ғура барин,
Худо як писар диҳад тӯра барин.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон...
Ё савоб, ё ҷавоб, ё як коса ғулунгоб.

Анъанаи дигаре, ки дар Рамазон маъмул аст, гузаронидани «шаби қадр» аст, ки шаби 27-уми ҳамин моҳ мебошад. Дар ин шаб мардум шабзиндадорӣ намуда, ба ибодату тиловати Қуръон машғул мешаванд. То се рӯз мондани ид мардум мувофиқи воҷиботи дини Ислом ба ятимону ниёзмандон садақаи фитр медиҳанд. Дар хонаҳо занон ба ид тайёрӣ дида, ба пухтани кулча, орзуқ, чагалдак, ҳалвои сафедак, сурхак ва дигар хӯрданиҳо машғул мешаванд. Рӯзи ид аз ҳама бештар хурдсолон хурсандӣ мекунанд. Соҳибхонаҳо ба кӯдакон ҳадяҳое чун тухм, хурӯсқанд, сақич, пул ва ё ҳар гуна бозичаҳо медиҳанд. Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Фитр барпо мешавад. Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.[1]

Боз нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 90-91. – 280 с.