Коран
Зоҳир
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
---|
Коран, Қоран — писари Коваи Оҳангар, паҳлавони эронӣ ва сипаҳдори артиши Эрон аз замони подшоҳии Фаридун то Кайқубод.
Қоран дар замони набарди Манучеҳр бо Салм, Тур ва Куш низ сипаҳдори Эрон аст, ки беш аз сесад ҳазор сипоҳро фармондеҳӣ мекунад. Вай бисёр далер буд ва ба ҳамин далел ба ӯ Корани Размзан мегуфтанд. Мураккаб аз кор (ба мафҳуми корзор ва пайкор ва разм) + ан, ки пасванди нисбат аст. Мансуб ба разм ё мансуб ба корзор ё ҷангҷӯ. Вай дорои духтаре ба номи Вис буд, ки маъшуқаи Ромин будааст. Шакли паҳлавии калима Корон (Karan) аст, ки номи хонадони Коран яке аз ҳафт хонадонҳои бузурги давраи Ашкониён аст, ки дар замони Сосониён низ дорои аҳамият буда ва афроди бузурги ин хонадон ба ҳамин исм шуҳрат ёфтаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ فرهنگ نامهای شاهنامه. ج. دوم جلد. ص. ۷۳۵.