Jump to content

Мунофиқун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Дурӯяҳо
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Омор
Рақами сура 63
Шумораи оятҳо 11
Ҷузъ 28
Шумораи рукӯъ 2
Сураи гузашта Сураи Ал Ҷумъа
Сураи раванд Сураи Ат Тағобун
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Сураи Ал Мунофиқун (араб. سورة المنافقونДурӯяҳо) — шасту сеюм сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 11 оят аст.

« Чун мунофиқон назди ту оянд, гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту паёмбари Худо ҳастӣ». Худо медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Худо шоҳидӣ медиҳад, ки мунофиқон дурӯғгӯянд. Аз савгандҳои худ сипаре сохтанд ва аз роҳи Худо боздоштанд ва ба ҳақиқат он чӣ мекунанд, нописанд аст. Ин ба он сабаб аст, ки имон оварданд, сипас кофир шуданд. Худо низ бар дилҳошон муҳр ниҳод ва онон дарнамеёбанд. Чун онҳоро бубинӣ, туро аз зоҳирашон хуш меояд ва чун сухан бигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ. Гӯё ки чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. Ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазар кун. Худояшон бикушад. Ба куҷо каҷрав мешаванд?
»
Сураи қаблӣ: Ал Ҷумъа Сура 63Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ат-Тағобун