Jump to content

Судоба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Судоба
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Судоба (форсӣ: سودابه‎) — яке аз шахсиятҳои «Шоҳнома», духтари шоҳи Ҳомоварон (Яман).

Шоҳи Эрон Кайковус ӯро ба муқобилати падараш нигоҳ накарда, ба занӣ гирифт. Судоба ба писари Ковус — Сиёвуш ишқ баста, бо макру ҳила ӯро ба худ моил карданӣ шуд. Сиёвуши поктинат ин ишқи ноҷоизро рад намуд ва бар асари кинахоҳии Судоба ба ранҷу азоб дучор омад ва оқибат дар Турон ба ҳалокат расид. Пас аз расидани хабари марги Сиёвуш Рустам Судобаро кушт. Фирдавсӣ дар оғози достон ниобат ба Судоба назари нек дорад. Ба замми ин дар тасвири шотар Судобазани зебою накӯст. Вале пас аз таашшуқи ӯ бо Сиёвуш ва хиёнат ба шавҳар назари Фирдавсӣ тағйир ёфта, Судоба ҳамчун маккораи бадкирдор тасвир мешавад.

  • Судоба / М. Диловаров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).