Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Факултети филология— яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбӣ - соли 1948. Соли 1966 шуъбаи филология аз факултети таъриху филология ҷудо шуд ва факултет ба худ номи филологияро гирифтааст.

Таърихи таъсис[вироиш]

Ташкили факултети филология дар сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақозои ҳаёт маҳсуб меёфт, зеро барои муассисаҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, матбуоту расонаҳои ахбори умум мутахассисони соҳибмаълумот хеле зарур буд. Ин аст, ки ҳамзамон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1948) факултети таъриху филология таъсис меёбад. Соли 1966 шуъбаи филология аз факултети таъриху филология ҷудо шуда, факултети филология ташкил меёбад ва ба фаъолият шуруъ менамояд. Факултети филология дар муддати 65 сол дар тарбияи мутахассисони боистеъдоду варзидаи соҳаи филология саҳми ниҳоят назаррас дорад. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии факултет олимони машҳури соҳаи филология Абдулғанӣ Мирзоев, Андрей Андреевич Семенов, М.С. Андреев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Д. Тоҷиев, Ҳ. Каримов, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ба шогирдон дарс гуфта, дар тарбияи олимони ҷавони факултет ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар тӯли ин солҳо ҳайати муаллимону профессорон аз ҳисоби хатмкардаҳои худи факултет мукаммал гардид. Агар дар ибтидои соли 1948 дар шуъба ҳамагӣ 25-30 нафар донишҷӯ таҳсил мекарда бошад, ҳоло дар шуъбаҳои гуногуни он зиёда аз 1000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба донишҷӯёни факултет дар айни замон дар маҷмуъ 70 нафар устоди варзидаи собиқадору ҷавон дарс мегӯянд. Як зумра чеҳраҳои маълуму машҳури илму фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла, академики АИ ҶТ Мусо Диноршоев, аъзои вобастаи АИ ҶТ Абдуқодир Маниёзов, Хуршеда Отахонова, Мукаррама Қосимова, Д. Саймуддинов, Ҷӯрабек Назриев, профессорон Худоӣ Шарифзода (Шарифов), Раҳим Мусулмониён, Абдунабӣ Сатторзода, Худойназар Асозода, Иброҳим Усмонов, Баҳриддин Камолиддинов, Равшан Раҳмонӣ, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Мирзо Муллоаҳмадов, С. Амирқулов, Т.Н. Хаскашев, Ҳ. Маҷидов, Д. Хоҷаев, У. Тоиров, М. Имомов, Р. С. Комилов, Қ. Восеъ, А. Кӯчаров, А. Маҳмадаминов, А. Раҳмонов, Б. Мақсудов, Ш. Исрофилниё дастпарварони ҳамин боргоҳи маърифату адабанд. Хушбахтона, аксари ин донишмандон ҳоло дар факултет ба шогирдон дарс гуфта, ба аспиранту унвонҷӯён роҳбарӣ менамоянд. Таъсису оғози фаъолияти кохи бегазанди илму маърифат – факултети филология, ба номи олимони муътабари соҳа Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Андрей Андреевич Семенов, М. С. Андреев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Д. Тоҷиев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Воҳид Асрорӣ, Муллоҷон Фозилов ва бисёр дигарон сахт алоқаманд мебошад. Ин донишмандони фарзона барои ба маҷрои муътадил равона гаштани ҷараёни таълим дар факултет ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи филология, васеъ гардидани сохтори факултет ва муҳайё намудани базаи таълимӣ корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд. Солҳои 50–60 асри ХХ дар рушди минбаъдаи факултет олимони варзида, профессорон - Д. Т. Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров саҳми хеле арзанда гузоштанд. Маҳз ҳамин устодон аз ҳисоби шогирдони хушзавқу хушсалиқа устодони ҷавонро барои факултет ба камол расонданд, ки баъдан онҳо идомабахши кору фаъолияти эшон гаштанд. Ин буд, ки як зумра ҷавонони хушсалиқа чун М. Муҳаммадиев, Мукаррама Қосимова, С. Ҳалимов, С. Имронов, Худоӣ Шарифзода (Шарифов), Худойназар Асозода, сафи устодони факултетро пурра намуда, барои боз ҳам рушду инкишоф додани он саҳми арзанда гузоштанд.

Сарварони факултет[вироиш]

Факултетро бисёр чеҳраҳои машҳур, донишмандони маъруф сарварӣ кардаанд. Нахустин декани факултети филология, ки он вақт факултет номи таъриху филологияро дошт, Мануилов таъин мешавад. Баъдтар номзади илми ҳуқуқ, дотсент Гранберг В.Г. ба ин вазифа пазируфта мешавад. Пас аз он ки факултети ҳуқуқшиносӣ ба факултети таъриху филология муттаҳид мешавад, декани факултети таъриху филология, олими забоншинос Арзуманов С. Ҷ. таъин мегардад. Дар солҳои баъдӣ олимони машҳури соҳаи таъриху филология – Бухоризода А.Л., Тоҷиев Д.Т., Каримов Т. Р, Неъматзода Т., Бобохонов М. ва минбаъд дар факултети филология М. Н. Қосимова, Асрорӣ В. М., Давлатов М. И.К. Усмонов, Х. Шарифов, Х. Асозода, М. Имомов, Б. Шарифов, Д. Хоҷаев вазифаи декании факултетро ба уҳда доштанд. Аз соли 2008 то инҷониб М. Саломов сарварии ин махзани илму адабро ба дӯш дорад. Албатта, ҳар кадоме аз ин сарварон барои рушду нумӯи факултет, мустаҳкам гардидани базаи илмӣ, таълимӣ ва мутахассисони он саҳм гузоштанд.

Соҳаи фаъолият[вироиш]

Соли 1966 бо ташаббус ва дастгирии собиқ ректори донишгоҳ шодравон С. А. Раҷабов ва декани факултет М. Н. Қосимова (ҳоло доктори илми филология, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор) нахустин шуъбаи журналистика дар сохтори факултет таъсис дода мешавад. Ногуфта намонад, ки ин шуъба бисёр рӯзноманигорони хушсалиқаро барои воситаҳои ахбори умум ба камол расонид ва баъдан дар заминаи ҳамин шуъба факултети мустақили рӯзноманигорӣ таъсис ёфт. Дар ин солҳо робитаю ҳамкории факултет ба марказҳои илмию таълимии Маскаву Санкт – Петербург, Тбилиси, Боку, Тошканд хеле густариш меёбад. Донишмандони маъруфу машҳури ин марказҳо аз қабили М. Н. Боголюбов, А.Н. Болдирев, В. С. Расторгуева, А. З. Розенфелд, В .А. Лившитс, И. О. Оранский, Л. Г. Гертсенберг, С. Н. Соколов, Ҷ. Гиюнашвили, А. Шафоӣ, В. Б. Иванов ба аспирантону унвонҷӯён роҳбарӣ ва ба донишҷӯёни факултет курсу семинарҳои махсус хондаанд. Дар замони истиқлолият факултети филология ба ҳайси тарғибгари забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мавқеи хосе пайдо кард. Дар тӯли ин солҳо барои омода намудани мутахассисони соҳибмаълумот ихтисосҳои фарҳангшиносӣ ва муносибати байнифарҳангӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, забоншиносӣ ва таъминоти ҳуҷҷатии идора ва тарҷумони бадеӣ ифтитоҳ ёфт. Аксари хатмкардагони ин ихтисосҳо ба ҳайси тарҷумон, кормандони бахшҳои гуногуни идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ кору фаъолият доранд. Дар факултет барои таълими босамару натиҷадеҳ кабинети муҷаҳҳази «Махзани адаби профессор Худойназар Асозода», «Маркази фарҳангии ба номи профессор Шариф Ҳусейнзода», дарсхонаҳои ба номи профессор Д. Тоҷиев, Т. Хаскашев ва утоқи Эрон дар ихтиёри донишҷӯён қарор дошта, маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, вохӯрию суҳбатҳои донишҷӯёну устодон бо арбобони илму фарҳанг, чеҳраҳои маъруфи ҷумҳурӣ дар ин кабинету марказҳо мутассил баргузор мегарданд. Адибони номдори муосири тоҷик - Шоирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Нависандаҳои халқии ҷумҳурӣ - Юсуф Акобиров, Саттор Турсун, Сорбон, Аъзам Сидқӣ, Муҳиддин Хоҷаев ва дигарон дастпарварони маҳфили «Адибони ҷавон»-и факултет буда, аввалин чакидаҳои хомаи онҳо дар ҳамин маҳфил муҳокима ва манзури хонандагон гардидаанд. Ин маҳфил анъанаи наҷиб дошт. Дар муҳокима ва баррасии шеъру ҳикояи навқаламони маҳфил адибони баркамол устод Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Самад Ғанӣ ва дигарон иштирок мекарданд. Баъдтар ин анъанаи устодонро адибони ҷавону хушистеъдод Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Саттор Турсун, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ, ки парвардаи маҳфили «Адибони ҷавон» буданд, идома дода, тез – тез меҳмони ин маҳфил мешуданд. Ҳарчанд ки чандин сол ин анъана гусаста гардид, ҳоло аз нав эҳё шуда истодааст. Маҳфил таҳти роҳбарии олиму адиби шинохта Рустами Ваҳҳоб хуб фаъолият дорад. Аз ҳайати устодони факултет се нафар узви вобастаи АИ Тоҷикистон, 8 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 12 нафар профессор ва 4 нафар узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мебошанд.

Сохтори факултет[вироиш]

Дар сохтори факултет ҳоло 5 кафедра мавҷуд аст, ки дар онҳо устодони варзида, муҳаққиқони шинохтаи ҷумҳурӣ ба таълими шогирдон ва таҳқиқи масъалаҳои муҳимми илми филология машғуланд. Аз ин кафедраҳо 4 тахассусӣ ва як кафедра умумидонишгоҳӣ мебошад, ки ба таълими фанни забони тоҷикӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ муваззаф аст. Факултет дорои шуъбаҳои забону адабиёти тоҷик, забоншинос– ҳуҷҷатнигор, забоншинос–мутарҷим мебошад, ки дар онҳо барои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар сохтори факултет Маркази омӯзиши забонҳо бо роҳбарии дотсент Д. Ҳомидов амал мекунад, ки дар муддати панҷ сол даҳҳо нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо машғул гардида, соҳиби сертифакати донандаи забони тоҷикӣ гардиданд. Ин марказ дар тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмиллалӣ саҳми арзанда дорад.

Дастпарварони факултет[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

факултети Филология