Jump to content

Фаршедвард

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фаршедвард
Падар Гуштосп
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Фаршедвард — писари Гуштосп, бародари Пашутан ва Исфандиёр. Ӯ пас аз аввалин пирӯзии Гуштосп бар Арҷосп, фармонравои Хуросон шуд[1].

Фаршедвард дар дувумин ҷанги Гуштосп бо Арҷосп шоҳи Турон ба ҳамроҳи гурӯҳе дигар аз паҳлавонони эронӣ кушта мешавад.

  1. Encyclopaedia Iranica Foundation. FARŠĒDVARD(англ.). iranicaonline.org. 18 июли 2023 санҷида шуд.
  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1-9. — Д., 2007—2010.