Хумгарон
Зоҳир
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Косатарош |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 784 тан |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Хумгарон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Косатароши ноҳияи Панҷакент. Аз Хумгарон то маркази шаҳр 20 км. Аҳолиаш 784 нафар (2017), тоҷикон.
Хумгарон дар шафати Корхонаи истеҳсоли тилои «Зарафшон» ҷойгир аст. Мардуми деҳа асосан ба чорвопарвари машғуланд. Зироаткорӣ ҳам дар ин деҳа вусъат ёфтааст. Дар деҳа як мактаб, 6 мағоза, як масҷид ва як бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Дар назар аст, ки дар солҳои наздик бо сабаби бунёд намудани полоишгоҳи корхонаи истеҳсоли тило сокинони ин деҳаро кӯчонанд.
Дар деҳаи Хумгарон зироатҳои нахуди лалмӣ, зағер, индов, гандум, ҷав ва софлор(як навъи хор, ки аз ҳосилаш равған тайёр мекунанд) хуб нашъунамо меёбанд. Аз деҳа нахустин шахсе, ки соҳиби маълумоти олӣ гардидааст Эсанов Нуралӣ мебошад. Холиқов Субҳонқул аввалин омӯзгоре ҳаст, ки дар озмуни "Муаллими сол" ғолиб гардидааст. Шоири маҳбуб Искандари Раҳмон дар деҳаи Хумгарон таваллуд шудааст. Гулобой Эралиева ва Адолат Раҳмонова истиқоматкунандагони деҳаи Хумгарон буданд, ки чандин маротиба вакили шаҳрӣ гардидаанд. Барои ободии деҳа Абдуҳалим Сатторов, Азизқул Муҳаммадиев, Маҳмадқул Саидов, Корвонқул Тӯраев, Муҳиддин Тӯраев, Сангинбой Тӯраев, Амонқул Раҳмонов, Неъматулло Раҳмонов, Хушвақт Мирзоев, Абдураҳим Сатторов, Мухторалӣ Имомов, Қурбон Раҳимов, Бегназар Раҳимов, Раҷабалӣ Қодиров, Худойбердӣ Зоиров, Аъзамқул Шамсиев, Олимҷон Холиқов, Нурмаҳмад Азизов, Ҳабиб Азизов, Муҳаммадалӣ Сатторов, Мавлон Тӯраев, Яздон Раҳимов, Маҳмадрасул Сатторов, Абдуҳамид Сатторов, Нурулло Сатторов, Муҳаммадӣ Раҳмонов ва дигарон саҳм гузоштаанд. Қабристони деҳаи Хумгарон нисбат ба қабристонҳои деҳаҳои атроф таърихи қадима дорад. Дар гузашта сокинони фавтидаи деҳаҳои Шинг, Бедак, Ганҷи равон ва Ҷомчашмаро дар қабристони деҳаи Хумгарон дафн мекардаанд. Мувофиқи сарчашмаҳо нахустин нафаре, ки сокини деҳа шуудааст Мирзо ном доштааст. Авлоди Мирзо имрӯз дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Бо ташаббуси Абдуҳалим Сатторов атрофи қабристони симхор гирифта шуд. Хати оби нӯшокӣ низ бо саъю талоши ин марди бузург ва ҷиянаш гузаронида шуд. Муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Телевизиони Душанбе Сино Холиқов дар деҳаи Хумгарон таваллуд шудааст. Дар асоси эҷодиёти эҷодкорони деҳаи Хумгарон китоби алоҳида бо зевари нашр пероста гардидаст. Дар Хумгарон анъанаҳои гузаштагон, аз ҷумла ҳунари шолбофӣ, намадрезӣ, чакмандӯзӣ, мӯзадӯзӣ, гаҷкорӣ, нақшу нигоркашӣ, сабадбофӣ ва ғайра аз ҷониби сокинон ҳифз шудааст. ҚаровулғАто яке аз мавзеъҳои таърихии деҳа ба ҳисоб меравад. Аз инҷо бостоншиносон мадракҳои таърихиро пайдо намуданд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5