Шоҳхалил Бенаво
Зоҳир
Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ | |
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
Зодгоҳ: | Ҳиндустон |
Маҳалли даргузашт: | Бадахшон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | асри XVI |
Бенаво (форсӣ: بینوا), Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ (қарни XVI) — шоири форс-тоҷик (асри XVI).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳиндустон ба дунё омадааст. Пас аз касби камол ба Хоразм омад. Аз Хоразм ба Бадахшон сафар карда, то охири умр дар ин ҷо зиндагӣ ва эҷод намуд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигори тоҷик Нисории Бухороӣ («Музаккиру-л-аҳбоб») Бенаво шоири хуштабъ буд. Бо Нисорӣ дӯстӣ доштааст. Намунаҳои осораш ба тавассути тазкираҳо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:
Ман об шудам, сароб дидам худро,
Дарё гаштам, ҳубоб дидам худро.
Огоҳ шудам, тамом дидам ғафлат,
Бедор шудам, ба хоб дидам худро.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бенаво // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ҳабибов А. Ганҷи Бадахшон. Душанбе, 1972.