Jump to content

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон
пешинаи Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазир Усмонзода Усмонали Юнусали
Муовини якуми вазир Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур
Муовини вазир Шоимзода Ҷамшед Шодӣ
Сохтор
Шумораи кормандон 115
Вебгоҳ mewr.gov.tj

Вазорáти энергети́ка ва захираҳóи оби Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро анҷом медиҳад. Вазорат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад[1].

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси табдили Вазорати энергетика ва саноат ба Вазорати энергетика ва захираҳои об таъсис дода шудааст. Пешбурди масъалаҳои энергетика дар доираи мақоми алоҳида ҳамчун Вазорат аз соли 2000 бо тасвиби фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000, №422 «Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардидааст. Бо ин фармон Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он то соли 2006 фаъолият намудааст. Соли 2006 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 «Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати энергетика ба Вазорати энергетика ва саноат табдил дода шуда, ба зиммаи он масъалаҳои марбут ба саноат низ вогузор карда шуданд.

Аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
  • Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.[2]

Сохтори дастгоҳи марказӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Роҳбарият
  • Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об
  • - Раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника
  • - Раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об;
  • - Раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикӣ
  • Раёсати иқтисод ва дурнамо
  • Раёсати электроэнергетика
  • - Шуъбаи истеҳсол, хатҳои интиқол ва танзими истифодабарии барқ
  • - Шуъбаи таҳлил, мониторинги нерӯгоҳҳои хурд аз рӯи тамоми манбаҳо
  • Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ
  • Раёсати захираҳои об
  • Раёсати корҳо
  • - Шуъбаи умумӣ
  • Шуъбаи ҳуқуқ
  • Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
  • Шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ
  • Бахши иҷозатномадиҳӣ
  • Бахши котибот
  • Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

Нақшаи идоракунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дастгоҳи марказӣ
  • Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика
  • Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ"
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафту газ"
  • Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"
  • Муассисаи давлатии "ТоҷикНИИГиМ" (Пажуҳишгоҳи илмии тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия)
  • Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон"
  • Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ"
  • Шуъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали "Дӯстлик"-и Даштҳои ташналаб
  • Раёсати болодарёии иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби "Амударё"
  • Котиботи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об
  • Филиали тоҷикистонии Маркази илмию иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ
  • Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва захирҳои об"
  • "Кӯдакистони №133 (Бойчечак дар ноҳияи Сино)

Номгӯи корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафту газ фаъолият мекунанд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пармакунии ҷанубӣ"
  • Корхонаи фаръии сохтмону васлкунии №1 (КФСВ №1)
  • ҶСК «Манзили обод-2015»
  • Муассисаи оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии фаввораҳои нафту газ (МПБФНГ)
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Суғднафтугаз"
  • Корхонаи фаръии "Балҷувонгаз"
  • Корхонаи фаръии байниноҳиявии "Қӯргонтеппагаз" (КФБ "Қӯрғонтеппагаз")
  • Корхонаи фаръии "Румигаз" (КФ "Румигаз")
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Кӯлобгаз" (ҶСК "Кӯлобгаз")
  • Корхонаи воҳиди "Заводи таъмирию механикии ноҳияи Ҷаббор Расулов" ҶМДММ "Петролеум-Суғд" (муштарак)

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • mewr.gov.tj — вебгоҳи расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонwww.