Сураи Абаса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном рӯ турш кардан
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 80
Шумораи оятҳо 42
Ҷузъ 30
Шумораи рукӯъ 1
Сураи гузашта Сураи Ан Нозиот
Сураи раванд Сураи Ат Таквир
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Сураи Абаса (араб. سورة عبسрӯ турш кардан) — ҳаштодум сураи Қуръон. Аз 42 оят ва як рукӯъ иборат мебошад

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Макка нозил шуда, ба тартиби нузул сураи 17-ум аст. Номи Абаса аз ояти якум гирифта шудааст. Сабаби нузули онро чунин гуфтаанд: Абдуллоҳ ибни Умми Мактум (саҳоба) дар ҳоле назди Пайғамбар (с) омад, ки ӯ машғули даъвати бузургони Қурайш ба Ислом буд ва бехабар сухани Пайғамбарро (с) бурид. Ҳазрати пайғамбар (с) рӯ турш карда аз ӯ рӯ гардонид. Худо Пайғамбарашро (с) итоб кард (оятҳои 1 — 10). Мавзӯи оятҳои дигар чунин аст: Қуръон, инсон, офаринишу парвариши ӯ, ризқу рӯзии ӯ, фаро омадани сайҳа — дамидани сур, даҳшатҳои он рӯз, гурӯҳи растагор ва гурӯҳи гирифтор дар он рӯз.

« Рӯйро турш кард ва сар баргардонид, чун он нобино ба наздаш омад, Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад, ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад. Аммо он ки ӯ тавонгар аст, ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест. Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд ва метарсад, (аз худо). ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ.
»

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Сураи қаблӣ: Ан Нозиот Сура 80Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ат Таквир