Унсурӣ
Таърихи таваллуд: | 980 ё 970 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1039 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ ва тоҷикӣ |
Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмади Унсурӣ (форсӣ: ابوالقاسم حسن بن احمد عنصری; 980 ё 970, Балх, вилояти Балх — 1039, Ғазнӣ) — ҳаким ва шоири қасидасарои форс-тоҷики даврони Ғазнавиён, аввалин маликушуарои расмӣ дар адабиёти тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулқосим Ҳасан ибн Аҳмад Унсурӣ аслан балхӣ буда, тахаллусаш Унсурӣ аст. Дар бораи хаёташ маълумоти кофи нест. Вай дар Балх дар байни солҳои 970—980 ба дунё омадааст. Ба дарбори Ғазнавиён роҳ ёфта, яке аз дӯстони наздики султон Маҳмуд гардида, тахаллуси «Маликушшуаро»-ро гирифтааст. Вай дар ҷавони забони арабӣ, мантиқ ва илмҳои замонашро омӯхтааст. Соли вафоти Унсурӣ ба 1040-1050 ба пош хурдани сулолаи Ғазнавиён рост меояд.
Эҷодиёти шоир
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷодиёташ уро ҳамчун шахси донишманди замони худ муаррифи мекунад. Девонаш аз 30 000 байт иборат буд, ки 2500- тоаш то замони мо расидаанд. Ба дарбори султон Махмуд танхо шоироне рох меёфтанд, ки хамфикрони Унсури буданд. Касидаҳои зиёди ӯ дар бораи галабаҳои султон Махмуд мебошанд. Унсури дар эҷодиёташ лашкаркашии султон Махмудро ба Ҳиндустон барои ба даст овардани тилои зиёд тасвир кардааст. Баъди вафоти султон Махмуд Унсури «нутки таърифи» тайёр мекунад. Аммо дар нуткаш аз марги султон Махмуд он кадар ёдрас нашуда, бештар шохи оянда султон Масъудро таърифу тавсиф менамояд. Унсурӣ чанд достони ошиқонаеро аз қабили «Вомиқу Узро», «Сурхбут ва Хингбут», «Шоҳбар ва Айнулҳаёт» ба назм даровардааст, ки аз онҳо чанде абёти пароканда то замони мо расидаасту халос. Аз «Вомиқ ва Узро» то имрӯз 515 байт ба даст даромадааст. Эҷодиёташ уро ҳамчун шахси донишманди замони худ муаррифи мекунад. Девонаш аз 30 000 байт иборат буд, ки 2500- тоаш то замони мо расидаанд. Ба дарбори султон Махмуд танхо шоироне рох меёфтанд, ки хамфикрони Унсури буданд. Касидаҳои зиёди ӯ дар бораи галабаҳои султон Махмуд мебошанд. Унсури дар эҷодиёташ лашкаркашии султон Махмудро ба Ҳиндустон барои ба даст овардани тилои зиёд тасвир кардааст. Баъди вафоти султон Махмуд Унсури «нутки таърифи» тайёр мекунад. Аммо дар нуткаш аз марги султон Махмуд он кадар ёдрас нашуда, бештар шохи оянда султон Масъудро таърифу тавсиф менамояд.
Унсурӣ чанд достони ошиқонаеро аз қабили «Вомиқу Узро», «Сурхбут ва Хингбут», «Шоҳбар ва Айнулҳаёт» ба назм даровардааст, ки аз онҳо чанде абёти пароканда то замони мо расидаасту халос. Аз «Вомиқ ва Узро» то имрӯз 515 байт ба даст даромадааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мушкин шавад чу бод ба зуфи ту бугзарад,
- Ошиқ шавад касе, ки ба руйи ту бингарад.
- Бар ғолия бимонад бар орази ту бод,
- Гоҳаш ба ӯ бимоладу гаҳ боз бистурад.
- Гар пушт ёбад аз рухи ту лола бишкуфад,
- В-аз бими ғамзагони ту наргис бипажмурад.
- Найранги чиниёнаву Аржанги чиниён,
- Ҳар шаб ба назди чашму рухи ту кӣ оварад?
- В-он сад ҳазор ҳалқаи мушкини пуршикан,
- Ҳар соате ба гирди гули ту кӣ густарад?
- Чашми тар аст мояи найрангу дилбарӣ,
- Наргис надидаем, ба найранг дил барад.
- Табъе бар он ду зулфи ту чандон гиреҳ фитод,
- К-аш марди ҳандисӣ ба дусад сол нашмарад.