Сураи Ал Аср
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | Замони бегоҳирӯзӣ |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Омор | |
Рақами сура | 103 |
Шумораи оятҳо | 3 |
Ҷузъ | 30 |
Шумораи рукӯъ | 1 |
Сураи гузашта | Сураи Ат Такосур |
Сураи раванд | Сураи Ал Ҳумаза |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Сураи Ал Аср (араб. العصر — Замони бегоҳирӯзӣ) — яксаду сеюм сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 3 оят аст.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Савганд ба ин замон, ки одамӣ дар зиён аст, ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва якдигарро ба ҳақ супориш карданд ва якдигарро ба сабр супориш карданд. |
Тафсир
[вироиш | вироиши манбаъ]Тафсири исломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Тафсири донишномавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Энтсиклопедиаи миллии тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]АСР (ар. العصر– ал-Асру-замон), сураи 103-и Қуръон, ки дар Макка нозил шудааст, аз 3 оят иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 21 аст. Номи Аср аз ояти 1 омадааст. Калимаи «аср»-ро, ки дар оят бо он қасам ёд шудааст, чунин тафсир кардаанд:
- замон;
- вақти намози дигар (аср);
- замони Пайғамбар (с).
Дар Аср бо қасам таъкид шудааст, ки инсон дар зиён аст, ба ҷуз касоне, ки имон оварда, корҳои нек анҷом медиҳанд ва якдигарро ба дини ҳақ ва сабру шикебоӣ васияту даъват мекунанд. Аср низ ба мисли дигар сураҳои маккӣ ба ислоҳи андеша, биниш ва ботини инсон пардохтааст, зеро вақте биниши инсон ислоҳ шавад, маниш ва рафтораш низ ислоҳ мешавад. Худованд дар ин сура ба замон, ки фарогирандаи таърихи миллатҳои гуногун ва фарозу нишеби саргузашти қавмҳои мухталиф ва тамаддунҳои башарӣ мебошад, савганд ёд намудааст, ки наслҳои башар вақте аз имон ва амали солеҳ бебаҳра бошанд, ҳам худ ва ҳам ҷомеаи башариро дар умум дучори зиён ва осебпазириҳои гуногуне менамоянд. Қуръони Карим дар ин сура ба чаҳор асли куллӣ амр намуда, ки ду асли он – имон ва амали солеҳ ҷанбаи фардӣ дошта, аз назари равоншиносии динӣ таҳдоби шахсияти инсониро ба вуҷуд меоваранд ва ду асли дигар – тавсия ба ҳақ ва тавсия ба сабр бинобар ҳақоиқи ҷомеашиносӣ ҷавҳари маърифати иҷтимоӣ ва рӯҳи куллиёти зиндагиро дар ҷомеа ташкил медиҳанд. Амнияти рӯҳӣ ва рушди маънавии миллат фароянди табиии татбиқи ин усули чаҳоргона дар ҳаёт ҳастанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сураи Ал Аср — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
- Аср (сура) // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ М. Умаров, А. Боқизода.
- The encyclopaedia of islam. Ҷ. 1. Лейден, 1913;
- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
- مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۵؛المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- الموسوعةالعربيةالعالمية. النسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- سننالترمذی. بيروت،۲۰۰۴؛
- دائرةالمعارفبزرګاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛دهخدا. لغتنامه. تهران،روایتچهارمبدونسالنشر؛صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷
Сураи қаблӣ: Ат Такосур | Сура 103 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ал Ҳумаза |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |