Анъом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сура —
Маънои ном Чорво
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 55
Омор
Рақами сура 6
Шумораи оятҳо 165
Ҷузъ 7—8
Ҳизб 13—15
Шумораи рукӯъ 20
Шумораи калима 3860
Шумораи ҳарф 12254
Сураи гузашта Сураи Моида
Сураи раванд Сураи Аъроф
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

IslamSymbol.svg       Folder Hexagonal Icon.svg       Wiktionary-logo-ru.png       Wikiquote-logo.svg       Wikisource-logo.svg       Commons-logo.svg

Анъом (араб. الأنعامЧорво) — шашум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва дорои 20 воҳиди мавзӯӣ буда, аз 165 оят иборат мебошад. Ин сура аз аҳди нузули Қуръон то кунун бо ном ва унвони дигаре ҷуз Анъом хонда нашудааст. Ин ном дар Қуръони Карим маҷмӯан 32 маротиба ва дар худи сура 6 бор зикр гардидааст.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслан манзури сураи Анъом масоили ҳалолу ҳаром будани бархе аз ҳайвоноти аҳливу ваҳшӣ дар аҳди ҷоҳилият ва истифода аз онҳост. Сураи Анъомро уламои дин маккӣ меҳисобанд, ки он дар як навбат дар Макка барои ҳазрати Муҳаммад пайғамбар (с) нозил шудааст.

« Ситоиш аз они Худовандест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро баробар медоранд.Ayah.svg Ӯст, ки шуморо аз гил биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате дар назди Ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа мекунед. Ayah.svg Дар осмонҳову замин Ӯст, ки Худованд аст. Ниҳону ошкоратонро медонад ва аз кирдоратон огоҳ аст. Ayah.svg Ва ҳеч ояе аз оёти Парвардигорашон барояшон нозил нашуд, ҷуз он ки аз он рӯйгардон шуданд! Ayah.svg Чун сухани ҳақ бар онҳо арза шуд, дурӯғ бароварданд. Пас ба зудӣ хабари чизҳое, ки масхараашон мекарданд, ба онҳо хоҳад расид.
»

Тафсир[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Сураи қаблӣ: Ал Мойда Сура 6Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Аъроф