Армоил
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
---|
Армоил (форсӣ: ارمایل) — яке аз шахсиятҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, шахсе порсову покдин, аз ошпазони Заҳҳок.
Ӯ ба ҳамроҳии Кармоил ба дарбори Заҳҳок роҳ ёфта, ошпаз шуд. Армоил ва Кармоил бо чораву тадбир ба ҷойи яке аз ду ҷавоне, ки бояд кушта шуда, мағзи сараш тӯъмаи морони Заҳҳок мегардид, гӯсфандеро мекуштанд ва бо ҳамин роҳ дар як моҳ 30 ҷавонро аз марг наҷот медоданд. Вақте шумораи ҷавонони наҷотёфта ба 200 мерасид, ба онҳо бузу гӯсфанд дода, аз шаҳр берун ба дашту даман, аз назари мардум дур мефиристоданд. Мувофиқи ривоятҳо, мардуми курд аз авлоди ҳамин ҷавонони раҳоёфта ба вуҷуд омадааст. Фирдавсӣ дар ин бобат мегӯяд:
Хӯришгар бар эшон бузе чанду меш,
Бидодиву саҳро ниҳодаш пеш.
Кунун курд аз он тухма дорад нажод,
К-аз обод н-ояд ба дил бар-ш ёд…
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Армоил / Г. Саъдиева // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷ. 1, Д., 2007