Jump to content

Ағрирас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ағрирас — яке аз шахсиятҳо дар осори адабиёти пешазисломии мардуми эронинажод ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, бародари Афросиёб.

Дар Авесто ба шакли Ағраераса омадааст (маъниаш: «касе, ки гардунааш пеш меравад»). Аз зумраи ашхоси неккирдор, дорои сифати «нарава», яъне «нар», «мард», «далер» аст. Дар осори адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳиш», фасли 31, банди 15) аз корҳои неки ағрирас бештар сухан рафтааст. Вай асирони эрониро аз дасти шоҳи Турон Афросиёб озод мекунад ва аз куштан эмин медорад. Дар фасли 29 «Бундаҳиш» ағрирас бо номи «Гопатшоҳ» ёд шудааст, вале дар фасли 31 омадааст, ки Аҳура Маздо бар ивази корҳои некаш ба ӯ писаре дод мавсум ба Гопатшоҳ. Достони ағрирас дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ муфассалтар омадааст. Ӯ мардест хирадманд, ботадбир, ҳушманд, номдор, некхоҳ, некдил, некпай. Ҳангоми бори нахуст ба Эрон ҳуҷум кардан бародараш Афросиёбро аз куштору хунрезӣ боздоштанӣ шуд, вале Афросиёб ба суханони ӯ гӯш надод. Вақте Афросиёб асирони эрониро ба қатл расондан хост, Ағрирас аз бародараш хоҳиш намуд, ки ин корро накунад ва асиронро барои дар зиндон нигоҳ доштан ба ӯ супорад. Ағрирас асирони эрониро озод кард ва барои ин кори некаш ба дасти Афросиёб кушта шуд.

  • Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷилди 1, Д., 2007
  • Ағрирас // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.