Вйентян
Шаҳр | |
лаос. ວຽງຈັນ/ວຽງຈັນທນ໌ | |
Акс:Vientiane montage.jpg | |
17°58′ с. ш. 102°36′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Лаос |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 1560 |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 174 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+07:00[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Номи қавмӣ | вйентяниҳо |
Шиносаҳои ададӣ | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вйентя́н (лаос. ວຽງຈັນ/ວຽງຈັນທນ໌ [ʋíəŋ tɕàn] — Виангтян[2]) — пойтахт (аз соли 1563[3]) ва бузургтарин шаҳри Лаос, воқеъ дар соҳили чапи Меконг наздик бо марзи Таиланд, бузургтарин маркази иқтисодии кишвар мебошад.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолиаш 760 ҳазор нафар (2014)
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шабакаи нақлиётӣ ва бандари дарёӣ (Виттай), фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Алоқаи нақлиётии обии байни Вйентян — Нонгхай, Тайланд тавассути дарёи Меконг бо паром сурат мегирад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асрҳои 12-13 дар ҳудуди Вйентян маҳалҳои аҳолинишини кхмерҳо мавҷуд буд. Бо ташкил ёфтани подшоҳии Лансанги Лаос дар садаи XIV маркази фарҳангии он мегардад. Соли 1560 ба Вйентян пойтахти Лансанг кӯчонида шуд. Пас аз сарнагуншавии подшоҳӣ соли 1707 маркази князии ҳамном гардид. Соли 1779 аз тарафи лашкари Сиам забт карда шуд. Пас аз шӯришҳо ба муқобили ҳукумати Сиам соли 1828 шаҳр комилан хароб гардид ва князӣ барҳам хӯрд. Дар нимаи садаи XIX Вйентян қисман барқарор шуд. Солҳои 1899—1946 маркази маъмурии Лаоси Фаронса ва солҳои 1946-75 пойтахти шоҳигарии Лаос, аз декабри 1975 пойтахти Ҷумҳурии Лаос.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Вйентян маркази муҳимми иқтисодиёти мамлакат буда, корхонаҳои дӯзандагӣ, матоъҳои пахтагин, шоҳибофию шолитозакунӣ, чармгарӣ, чӯбгарӣ, мебелсозӣ, ҳаккокӣ ва саноати хӯрокворӣ дорад. Ҳунармандии дастӣ (истеҳсоли ороишоти нуқрагин) ривоҷ ёфтааст. Тамоми воридоту содироти молу маводди мамлакат тариқи Вйентян сурат мегирад.
Маориф ва фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи фалсафаи будоӣ, донишкадаҳои тиббӣ, политехникӣ, омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, театрӣ, китобхонаи миллӣ, осорхонаи миллӣ, осорхонаи бостоншиносӣ, пойгоҳи радиошунавонӣ дорад. Осори меъмории асрҳои 13-19 (собиқ қасри шоҳ, бутхона, маъбадҳои буддоӣ) боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://psc-vt.lsb.gov.la/
- ↑ Словарь географических названий Лаоса. — М.: ЦНИИГАиК, 1988. — С. 14.
- ↑ Vientiane. Farlex Encyclopedia. 25 ноябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 июли 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Большая советская энциклопедия. Т. 5. 3 изд. М., 1971;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вйентян // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.